Бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби ширкати Centrum Air (Ҷумҳурии Ӯзбекистон) хатсайри Тошкант-Душанбе-Тошкант аз 19 июли соли 2025 (рӯзи шанбе) ва Самарқанд-Душанбе-Самарқанд аз 20 июли соли 2025 (якшанбе) оғоз гардида, бо зичии ду парвозӣ дар як ҳафта (дар ҳар як хатсайр) ба нақша гирифта шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки парвозҳои мазкур дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба алоқаи ҳавоӣ, ки аз 9 марти соли 2018 ба имзо расидааст, ба роҳ монда мешавад.
Агентии авиатсияи гражданӣ дар оянда низ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди рақобатпазир барои фаъолияти ширкатҳои ватанию хориҷӣ ва бартараф намудани монеаҳои рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ, дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳоро бо маъмуриятҳои авиатсионии кишварҳои хориҷи дуру наздик ва вазорату идораҳои дахлдор ба роҳ монда, кушиш ба харҷ менамояд, ки нишондиҳандаҳои омории соҳавиро марҳила ба марҳила боз ҳам афзоиш диҳад.