Санаи 13 майи соли 2025 дар толори Агентии авиатсияи гражданӣ вохурии Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло бо муовини роҳбари Ассотсиатсияи нақлиёти ҳавоии Чин – Дуан Сяофенг, Директори генералии фурудгоҳи байналмилалии “Тяншон” дар Урумчӣ – Ван Дунмин, ёвари раиси Ассотсиатсияи нақлиёти ҳавоии Чин - Чжу Ючун, менеҷери фурӯш дар Осиёи Марказии Корпоратсияи ҳавопаймоҳои тиҷоратии Чин - Ян Чжикун (Commercial Aircraft Corporation of China, Ltd.) (COMAC) ва ноиби Президенти маркетинги Кумитаи Идоракунии Тиҷоратии China Southern Air Holding Company Ltd – Хуан Гофан, баргузор гардид.
Дар вохурии мазкур масъалаҳои зиёд намудани хатсайрҳо, кушодани парвозҳо дар хатсайри Душанбе – Пекин – Душанбе ва Душанбе – Сиян –Душанбе ва инчунин ба роҳ мондани парвозҳои боркашонӣ (карго) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Баргузории чунин вохуриҳо ҷиҳати рақобатпазир намудани соҳаи авиатсияи граждании кишварамон нақши муассир мегузорад. Аз ин рӯ, роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ бо намояндагони кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон вохуриҳои судмандро ба нақша гирифтааст.