Дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 3-7 марти соли 2025 курси омӯзишӣ аз рӯи Лоиҳаи CASE II дар мавзӯи “Омодакунии аудиторони миллӣ – дараҷаи I” бо иштироки мутахассисони пуртаҷриба аз Конфронси Аврупоии авиатсияи гражданӣ (ECAC) Александр Янков – коршинос дар самти бехатарии авиатсионӣ дар ECAC, собиқ директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Булғористон, Рустам Кабанбаев – саринспектори Департаменти Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Қазоқистон, коршинос дар самти бехатарии авиатсионӣ дар ECAC, мутахассисони соҳавии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони хадамоти бехатарии авиатсионии фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ва ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории чунин курси омӯзишӣ ин баланд бардоштан ва таъмини бехатарии авиатсионӣ дар фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ мебошад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар вақти гузаронидани курси омӯзишии мазкур аз ҷониби иштироккунандагон нуқтаҳои муоинаи пешазпарвозии мусофирон дар фурудгоҳи кишвар боздид карда шуд.
Умедворем, ки гузаронидани ин курсҳои омӯзишӣ дар баланд бардоштани донишу малакаи кормандони соҳа дар самти бехатарии авиатсионӣ ва ба ин васила таъмини бехатарӣ дар фурудгоҳҳои кишвар ва рушди авиатсияи гражданӣ нақши муассир хоҳад гузошт.
Аксҳо аз ҷараёни баргузории семинар.