Соҳаи авиатсияи граждании кишвар сол аз сол бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш рафта истодааст.
Санаи 15-уми апрели соли 2025 вохӯрии Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло Темур бо Директори Агентии давлатии авиатсияи граждании назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Бостонов Данияр ва Директори генералии КД “Қирғизаэронавигатсия” Омуров Торокелди доир гардид.
Дар рафти мулоқот масъалаи зиёд намудани шумораи парвозҳо дар хатсайрҳои Душанбе – Бишкек – Душанбе ва Хуҷанд – Бишкек – Хуҷанд, кушодани парвозҳо дар хастайри Душанбе – Иссик Кул ва Хуҷанд – Иссик Кул, мустаҳкам намудани ҳамкориҳои дуҷониба оид ба бехатарии парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ, рақобатпазир намудани соҳаи авиатсияи гражданӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Баъд аз анҷом расидани мулоқот ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии мутахассисони соҳаи авиатсияи гражданӣ, лоиҳаи “Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии авиатсияи граждании назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон” ба имзо расид.
Боиси зикр аст, ки баргузории чунин вохӯриҳо дар рушди соҳаи авиатсияи граждании кишварамон нақши муассир мегузорад.