Санаи 7 апрели соли 2025 Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло ва Муовини директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Маликзода Аслиддин дар Конгресси 14-уми солонаи сармоягузорӣ (AIM Congress-2025), ки дар шаҳри Абӯ Забии Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардида буд, иштирок намуданд.
Дар нишасти мазкур масъалаҳои ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки дар нимаи сеюми моҳи апрели соли ҷорӣ дар кишварамон ташрифи ҳайати ширкати сармоягузории “Air Dynamic Solutions” - и Амороти Муттаҳидаи Араб ба хотири омӯзиши фазои сармоягузорӣ ва имкониятҳои мавҷуда барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, хусусан дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ба нақша гирифта шудааст.
Боиси хушнудист, ки рӯз аз рӯз вохӯриҳои судманд ва ҳамкориҳо дар соҳаи авиатсияи граждании кишвар бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон зиёд шуда истодааст.
Акс аз ҷараёни баргузорӣ.