07 октябри соли 2026 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъаовар таҳти раисии муовини раиси Шӯро – Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти хизмати назорати маводи нашъаовар Самад Зафар Тағой баргузор гардид, ки дар он як қатор масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ҷаласа муовини раиси Шӯро, аъзои Шӯро – намояндагони раёсатҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, инчунин аъзои котиботи Шӯро ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини раиси Шӯро – Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Самад Зафар оғоз намуда, доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бандҳои қарори Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъаовар ва роҳҳои таъмини иҷрои “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласа ҳисоботи аъзои Шӯро, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Амирзода Абдухолиқ Амир ва муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Норзода Шариф Сангимурод дар хусуси таъмини иҷрои талаботи “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, шунида шуд.
Дар натиҷаи муҳокимаи масъалаҳои дар рӯзнома пешбинигардида, ба вазорату идораҳои дахлдор тавсияҳо дода шуд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ таъмин ва иҷро намудани талаботҳои “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” дар самти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, назорати муомилоти қонунии онҳо ва дар пешгирии нашъамандӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар коҳиши сатҳи нашъамандӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Ҳамзамон, доир ба масъалаҳои муҳокимагардидаи рӯзнома ва фаъолияти минбаъдаи Шӯро қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.