Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар якҷоягӣ бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ФАО) дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” семинари омӯзишии “Табибони хок” дар миқёси кишвар баргузор гардида истодаанд.
Ин навбат семинари омӯзишӣ дар ноҳияҳои водии Рашт баргузор гардида, аз ҷониби олимону мутахассисони соҳаи хокшиносӣ мушкилотҳои мубрами соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Семинари мазкур бо ҷалби мутахассисони соҳаи кишоварзӣ махсусан хокшиносон ду рӯз (8 - 9) идома ёфта, олимони соҳа тибқи нақша дар саҳро тавассути таҷҳизотҳои муосир элеметҳои гуногуни дар хокбуда ва ҳолати воқеии таркиби онро муайян карда, пешниҳоди иштирокчиён гардониданд.
Баромадҳо оид ба масъалаҳои муайян намудани таркиби химиявию физикавии хок, ҳолати баландсозии структураи таркиби он доираи васеи мавзӯъҳои муҳимро тавассути як силсила презентатсияҳо (рунамо) барои татбиқи стратегияҳои омӯзиш ва ҳифзи ҳамгироёнаи хок фаро мегирифт.
Ҳадаф аз баргузории чунин семинарҳои омӯзишӣ ин сари вақт омода намудани мутахассисони соҳа дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта, истифодаи технологияи навин дар рафти фаъолияти имрӯзаи соҳа, истифодаи самараноки замин, тавассути таҷҳизотҳои муосир муайян намудани элементҳои таркиби хок ва боз ҳам баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ мебошад.
Чорабинии мазкур барои мутахассисони соҳаи хокшиносӣ роҳандозӣ гардида, бо истифода аз технологияҳои имруза метавонанд донишу малакаи хешро боз ҳам мукаммал гардонанду дар оянда татбиқи илмро дар амал ҷорӣ намоянд.
Дар рафти семинар иштирокчиён роҷеъ ба масъалаҳои мубрами соҳа ба масъулин суолҳо пешниҳод намуда, нозукиҳои илми хокшиносӣ ва агрохимияро аз бар намуданд.
Анҷоми семинар барои ҳар як иштирокчи лаҳзаи ҷолибу хотирмон буд. Зеро онҳо тавонистанд дар натиҷаи аз бар намудани нозукиҳои ташхиси хок соҳиби сертификати “Табибони хок” гадида, ба Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” барои чунин иқдоми нек изҳори миннатдорӣ намоянд.