Ҳукумати Ҷумҳурии Таҷикистон барои рушди бемайлони соҳаҳои гуногуни кишвар махсусан соҳаи кишоварзӣ таваҷҷӯҳи беандоза зоир намуда, барои амалӣ намудани яке аз ҳадафҳои миллӣ - “Таъмини амнияти озуқуворӣ” пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Санаи 13 - уми майи соли ҷорӣ ҳайати Миссияи Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати боздид аз рафти корҳои сохтмонии маркази агрологистикии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ба минтақаи мазкур сафари корӣ анҷом доданд.
Зимни сафар ҳайати Миссияи Бонки Ҷаҳонӣ сараввал бо пудратчиёне, ки ба корҳои сохтмонии маркази агрологистикӣ ҷалб гардидаанд мулоқоти корӣ анҷом дода, тибқи барнома аз рафти корҳои иҷрогардида ва нақшаи сохтмони иншоот дидан намуданд. Ҳамчунин ҳайат тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷиҳати босифат ва саривақтии бунёди иншооти мазкур ба онҳо тавсияҳои судманд пешниҳод намуданд.
Бояд ёдовар шуд, ки ҷиҳати афзун намудани молу маҳсулоти кишоварзӣ, коркард, пешгирӣ аз талафёбии ҳосил, нигаҳдорӣ ва бастубанди он баҳри таъмини бозорҳои дохилӣ ва ба содирот нигаронидани маҳсулот дар ҳудуди кишвар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” панҷ марказҳои агрологистикӣ бунёд карда мешаванд.
Маркази агрологистикии ноҳияи Балхӣ дар доираи лоиҳаи мазкур бо имконияти коркард, бастубанд ва нигоҳдорӣ бо иқтидори 1200 тонна маҳсулоти кишоварзӣ бо тарҳи нави муосир бунёд гардида мушкилоти кишоварзонро осон мегардонад.
Бунёди ин иншооти бузург бо назардошти иншоотҳои ёрирасон дар масоҳати ду гектар ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт бо маром идома доранд.
Аз рӯи лоиҳа иншооти мазкур иборат аз шаш сардхонаи алоҳида, ки ҳар як кадом бо ғунҷоиши 200 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, толори калони қабули маҳсулот, хатҳои коркард, ба навъҳо ҷудо кардан, бандубаст, тамғагузорӣ инчунин озмоишгоҳи алоҳида барои муайянсозии таркиби маҳсулот ва дигар утоқҳои корӣ тибқи талаботи бозори ҷаҳонӣ дар назар гирифташудааст.
рас мешавем, ки айни замон корҳои сохтмонии чунин маркази агрологистикӣ дар минтақаи озоди иқтисодии вилояти Суғд низ бо маром идома дорад.