Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” корҳои сохтмонӣ дар бинои озмоишгоҳи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дорад.
Корҳои сохтмонӣ тибқи талаботи меъёрҳои стандарти сохтмонӣ, ҷараён дошта, айни ҳол ҳамворкунии деворҳо (шкатур) дар ҳолати анҷомёбӣ буда, насби дару тирезаҳо оғоз гардидааст. Пудратчиён ва коргароне, ки ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардидаанд кӯшиш доранд сохтмони озмоишгоҳро бо тарҳи наву замонавӣ бо сифати баланди муосир дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расонида мавриди истифодабарӣ қарор диҳанд.
Мутахассисони масоили иҷтимоӣ ва экологии муассиса аз рафти корҳои сохтмонӣ дидан намуда, бо кормандоне, ки ба корҳои сохтмонии бинои мазкур ҷалб гардидаанд мулоқоти корӣ анҷом доданд.
Дар рафти мулоқот ҷиҳати иҷроиши нақшаи идоракунии муҳити зист бо дарназардошти фикру мулоҳизаҳо, натиҷаҳои арзёбии таъсир ба муҳити зист, тибқи талаботи стандартҳои иҷтимоиву экологии Бонки ҷаҳонӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштиву санитарӣ, техникаи бехатарӣ, иҷроиши талаботи меъёрҳои амалкунандаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва механизми баррасии арзу дархостҳо маълумотҳои муфассал пешниҳод намуданд.