Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат бузургтарин дастоварди сиёсӣ ва арзиши муқаддаси миллӣ ба ҳисоб меравад. Барои мардуми Тоҷикистон Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ, озодии миллӣ, ваҳдат, сулҳу субот ва рушди устувори кишвар мебошад. Дар давоми 35 соли Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон роҳи пуршарафи созандагиро тай намуда, дар самти таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани мақоми кишвар дар арсаи байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Доштани ин неъмат, Истиқлолият барои ҳар давлату миллат комёбии бузургест. Он омили асосии бедории миллат, иттиҳод дар атрофи идеяи миллӣ, тараққии мамлакат, заминаи боэътимоди ба даст овардани обрӯву эътибор дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар ҷаҳон мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон кард ва инак 35 сол мешавад, ки бо эътирофи арзишҳои башарӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар саҳнаи ҷаҳонӣ ҳузур дорад.
Тоҷикистони азизи мо дар ин муддати барои таърих начандон тӯлонӣ аз як кишвари ошӯбзада ба як кишвари босуботу пешрафта ва фаъолу ташаббускор дар минтақа ва ҷаҳон табдил ёфт.
Истиқлолият барои мо мардуми шарафманди тоҷик нишони барҷастаи пойдории давлат, симои бақои миллат, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли тоҷикон аст.
Ҳамаи ин аз баракати сиёсати санҷидашуда ва ботадбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба момуяссар гардид.
Пешвои миллат бо ҳадафҳои ояндасози худ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар тоҷикони оламро ифтихори милливу тоҷик будан бахшид ва худ фахри соҳибдавлатии мову рамзи соҳибдории хосу омми кишвар гардид. Воқеан, дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсият кишвари мо тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд.
Бояд гуфт, ки Истиқлолият неъмати бебаҳо ва заминаи рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Пойдории он аз ҳисси ватандӯстӣ, ваҳдат, масъулияти шаҳрвандӣ ва талошҳои созандаи ҳар яки мо вобаста мебошад.
Дастоварди бузургтарини миллати тоҷик дар замони истиқлоли давлатӣ сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки мо ба ин неъмати зиндагибахш бо баҳои бисёр гарон ва заҳмати ниҳоят зиёд муяссар гардидем.
Агарчӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон расман 9-уми сентябри соли 1991 ба Истиқлолияти давлатӣ расид, давлату давлатдорӣ барои тоҷикон нав набуд. Оини давлату давлатдории аҷдодони мо аз ҳазорсолаи сеюми қабл аз милод оғоз гардидааст.
Дар тӯли таърих давлатдории тоҷикон борҳо дучори таназзул гашта, дигарбора эҳё ва такомул ёфтааст. Зеро халқи тоҷик ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва дорои таҷрибаи куҳани давлатдорӣ барои бунёди давлати алоҳидаи миллӣ дар ҳама давру замон кӯшишу талошҳо намудааст.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд:
«Таърих гувоҳ аст, ки дар тули ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқироз боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст...»
Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ мо имкон пайдо кардем, ки бо таърихи миллати куҳанбунёди худ беҳтару бештар ошно шавем, решаҳои таммадуни гузаштаи худро ҷустуҷӯ карда, онҳоро барои таҳкими ватандӯстию худшиносӣ, ифтихори миллии мардум ва тақвияти пояҳои давлати соҳибистиқлоламон истифода барем.
Имрӯз Истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ дар назди мо - шаҳрвандони Тоҷикистон вазифаи басо пурифтихори таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба орзуву ормон ва манфиатҳои мардуми кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро гузоштааст.
Истиқлолият дар ҳақиқат барои кишвар ва мардуми мо заминаҳои пешрафтро фароҳам овард. Бо нигоҳе ба ободкориҳо ва созандагиҳои даврони соҳибихтиёрӣ, метавон гуфт, ки Истиқлолият дарвозаи пайвандшавии Тоҷикистон ба ҷаҳон шуд.
Бояд иброз намуд, ки мо – мардуми саодатманди тоҷик ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш созем, ки соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст. Ҳамзамон бо ин, ба қадри ин неъмати бебаҳо - яъне Ватан ва Истиқлоли он расидан масъулияти аз ин ҳам бузургтар мебошад.
Пойдору ҷовидон бод Истиқлолияти миллати куҳанбунёд, сулҳдӯст, бунёдкор ва фарҳангпарвари тоҷик, ки дар роҳи адолат зери пайроҳаи таърих дар шебу фарозҳо, шикасту пайвастҳо соҳибистиқлол гардид! Ҷашни Истиқлоли давлатӣ муборак ҳамватанони азиз!
Раҳимов Бахтовар,
Ҳуқуқшинос-машваратчии Раёсати ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон