Мубориза бо коррупсия яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба таҳкими волоияти қонун, таъмини шаффофият, баланд бардоштани эътимоди ҷомеа ба мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон равона гардидааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия заминаи ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ ташаккул ёфтааст. Дар ин самт Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсусгардонидашуда фаъолият намуда, дар ошкор ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, гузаронидани экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва татбиқи чораҳои пешгирикунанда нақши муҳим дорад.
Мубориза бар зидди коррупсия дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои асосӣ буда, муқовимат ва пешгирии омилҳои ба он мусоидаткунанда сол ба сол ҷиддитар мешавад. Зеро коррупсия мушкилоти глобалии ҷаҳони муосир ба шумор рафта, ҳамчун зуҳуроти сиёсӣ-иҷтимоӣ ба тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, идоракунии давлатӣ, рушди босуботи иқтисодиёт, некуаҳволии мардум, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсири манфӣ мерасонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ мубориза бо коррупсияро самти афзалиятноки сиёсати давлатии худ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқию сохторӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд. Аз ҷумла, соли 2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсияро қабул намуд ва уҳдадор гардид, ки қонунгузории худро ба ин конвенсия мутобиқ намояд ва мақомоти махсуси муборизабаранда бо коррупсияро таъсис диҳад.
Дар мамлакат барои банақшагирии фаъолияти давлат дар самти муқовимат ба коррупсия се маротиба барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ қабул гардида, дар доираи он тамоми вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба раванди муқовимат ба коррупсия ҷалб карда шуданд.
Инчунин бо мақсади ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ барои амалигардонии чораҳои пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия аз ҳисоби намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои ҷамъиятӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 декабри соли 2010 Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. 57% аъзои онро намояндагони мақомоти давлатӣ ва 43%-ро намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил медиҳанд.
Набояд фаромуш сохт, ки ташкилу фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва татбиқи амалии муқовимат ба коррупсия дар мамлакат, ба монанди муборизаи дастҷамъона бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткорӣ аз иродаи сиёсӣ ва ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд. Ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021 қабул гардидани «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» давоми мантиқии ислоҳоти зиддикоррупсионӣ дар мамлакат мебошад.
Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026–2030) бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2026, №1145 тасдиқ шудааст ва ҳоло амалкунанда мебошад.
Нақша 72 банд дорад. Он барои татбиқи амалии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар марҳилаи дуюм таҳия гардидааст. Самтҳои муҳими он, аз ҷумла:
- пешгирии коррупсия ва бартараф намудани сабабу омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда;
- таҳкими шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ;
- рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва кам намудани омили инсонӣ;
- густариши пардохтҳои ғайринақдӣ ҳамчун яке аз воситаҳои пешгирии коррупсия;
- баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги зиддикоррупсионии шаҳрвандон ва хизматчиёни давлатӣ;
- такмили механизмҳои ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои коррупсионӣ;
- тақвияти назорати дохилӣ дар мақомоти давлатӣ;
- таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма;
- таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба коррупсия.
Тибқи банди 2-и фармон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бояд ҳамасола то 15 январ ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оид ба иҷрои Нақша маълумот пешниҳод намоянд. Агентӣ бошад, бояд ҳамасола то 1 март мониторинги иҷрои Нақшаро гузаронида, натиҷаҳоро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия пешниҳод намояд.
Тавре коршиносон изҳор медоранд коррупсия ба тамоми соҳаҳои зиндагии инсон таъсир гузошта, рушди солими иқтисодиро фалаҷ мегардонад, фаъолияти самарабахши сиёсатро халалдор сохта, робитаи байни ҳукумат ва мардумро ноустувор месозад. Бинобар бояд донист, ки ин, муқовимат ба коррупсия ва коҳиш додани сатҳи он аз бисёр омилҳо, ба монанди дастҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, савияи баланди донишу маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолнокии ҳар фарди ҷомеа дар муносибати оштинопазир бо ин зуҳурот вобаста аст.
Барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас ва ҳадафҳои дарпешгузоштаи Ҳукумати мамлакат дар самти муқовимат ба коррупсия бояд тамоми қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар якҷоягӣ бо истифода аз маҷмуи воситаю усулҳои муосир фаъолият баранд, то ин омил решакан гардад.
Раёсати ёрии ҳуқуқӣ,
робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи
Вазорати адлияи ҷумҳурии Тоҷикистон