Таърихи бою куҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар замони худ нақши махсусе дорад. Дар таърихи навин аз нигоҳи мо, волотарин дастоварди миллати соҳибтамаддуни тоҷик ин соҳиб шудан ба истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст.
Истиқлолият барои ҳар давлату миллат неъмати беназир ва комёбии бузургест. Он омили асосии бедории миллат, иттиҳод дар атрофи идеяи миллӣ, тараққиёти мамлакат, заминаи боэътимоди ба даст овардани обрӯву эътибор дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар ҷаҳон мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон кард ва инак 35 сол мешавад, ки бо эътирофи арзишҳои башарӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар саҳнаи ҷаҳонӣ ҳузур дорад. Тоҷикистони азизи мо дар ин муддати барои таърих начандон тӯлонӣ аз як кишвари ошӯбзада ба як кишвари босуботу пешрафта ва фаъолу ташаббускор дар минтақа ва ҷаҳон табдил ёфт.
Истиқлолият барои мо мардуми шарафманди тоҷик нишони барҷастаи пойдории давлат, симои бақои миллат, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли тоҷикон аст.
Ҳамаи ин аз баракати сиёсати санҷидашуда ва ботадбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо муяссар гардид. Пешвои муаззами миллат бо ҳадафҳои ояндасози худ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар тоҷикони оламро ифтихори милливу тоҷик будан бахшид ва худ фахри соҳибдавлатии мову рамзи соҳибдории хосу омми кишвар гардид. Воқеан њам дар партави сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсият кишвари мо тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд.
Дастоварди бузургтарини миллати тоҷик дар замони истиқлоли давлатӣ сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки мо ба ин неъмати зиндагибахш бо баҳои бисёр гарон ва заҳмати ниҳоят зиёд муяссар гардидем. Агарчӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон расман 9-уми сентябри соли 1991 ба Истиқлолияти давлатӣ расид, давлату давлатдорӣ барои тоҷикон нав набуд. Оини давлату давлатдории аҷдодони мо аз ҳазорсолаи сеюми қабл аз милод оғоз гардидааст.
Дар тӯли таърих давлатдории тоҷикон борҳо дучори таназзул гашта, дигарбора эҳё ва такомул ёфтааст. Халқи тоҷик ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва дорои таҷрибаи куҳани давлатдорӣ барои бунёди давлати алоҳидаи миллӣ дар ҳама давру замон кӯшишу талошҳо намудааст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд:
“Таърих гувоҳ аст, ки дар тули ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқироз боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст...”
Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ мо имкон пайдо кардем, ки бо таърихи миллати куҳанбунёди худ беҳтару бештар ошно шавем, решаҳои таммадуни гузаштаи худро ҷустуҷӯ карда, онҳоро барои таҳкими ватандӯстию худшиносӣ, ифтихори миллии мардум ва тақвияти пояҳои давлати соҳибистиқлоламон истифода барем.
Дар тули замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басе орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат давоми асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хизмат кардааст.
Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарият- аз Зардушту Монӣ сар карда, то Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абӯалӣ Синову Носири Хисрав, Умари Хайёму Имом Fаззолӣ, Шайх Аттору Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Хоҷа Камолу Мавлоно Ҷомӣ, Сайидою Бедил барин садҳо нобиғаҳои илму адабу фарҳангро ато кардаанд.
Имрӯз Истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ дар назди мо - шаҳрвандони Тоҷикистон вазифаи басо пурифтихори таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба орзуву ормон ва манфиатҳои мардуми кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро гузоштааст.
Истиқлолият дар ҳақиқат барои кишвар ва мардуми мо заминаҳои пешрафтро фароҳам овард. Бо нигоҳе ба ободкориҳо ва созандагиҳои даврони соҳибихтиёрӣ, метавон гуфт, ки Истиқлолият дарвозаи пайвандшавии Тоҷикистон ба ҷаҳон гардид. Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистонро 192 давлати ҷаҳон ба расмият мешиносанду бо 186 кишвари ҷаҳон муносибатҳои хуби дипломатӣ барқарор намудааст. Дар кишварҳои хориҷӣ 39 намояндагии дипломатӣ ва муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар 20 давлати дигар сафирони ғайримуқим фаъолият доранд. Имрӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 сафорати кишвари хориҷӣ, 57 намояндагии созмони бонуфузи байналмилалӣ, минтақавӣ ва ғайридавлатӣ амал менамоянд. Тоҷикистон имрӯз аъзои зиёда аз 80 ташкилоти байналмилалӣ аст.
Бояд иброз намуд, ки мо – мардуми саодатманди тоҷик ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш созем, ки соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст. Ҳамзамон бо ин, ба қадри ин неъмати бебаҳо - яъне Ватан ва Истиқлоли он расидан масъулияти аз ин ҳам бузургтар мебошад.
Пойдору ҷовидон бод Истиқлоли миллати куҳанбунёд, сулҳдӯст, бунёдкор ва фарҳангпарвари тоҷик, ки дар роҳи адолат зери пайроҳаи таърих дар шебу фарозҳо, шикасту пайвастҳо, ахиран соҳибистиқлол гардид! Ҷашни Истиқлоли давлатӣ муборак ҳамватанониазиз!
Раёсати ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон