25 июни соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро аз рӯи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул намуд.
Тавассути қатъномаи мазкур, давлатҳои узв уҳдадории муштараки худро ҷиҳати пешбурди сулҳ, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо ҳамчун пояҳои муҳимми таъмини некӯаҳволии наслҳои оянда тасдиқ карданд.
Бояд гуфт, ки дар қатънома ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи СММ, алалхусус иродаи «наҷоти наслҳои оянда аз офати ҷанг» ва уҳдадории ҳалли мусолиматомези баҳсҳо бозтоб ёфтааст. Он инчунин аҳамияти Эъломия ва Барномаи амал оид ба фарҳанги сулҳро ҳамчун ваколати умумиҷаҳонӣ барои таблиғи фарҳанги сулҳ ва адами хушунат эътироф менамояд.
Тибқи муқаррароти ин санад, Маҷмаи Умумӣ солҳои 2027-2036-ро ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» эълон намудааст.
Ҳадафҳои асосии Даҳсола аз мусоидат ба таҳкими сулҳ, ташвиқи муколама ва мусолиҳа, инчунин дастгирии таомул миёни наслҳо, аз ҷумла кӯдакон, ҷавонон ва пиронсолон, бо назардошти ниёзҳо ва манфиатҳои наслҳои оянда дар таҳияи сиёсат ва равандҳои қабули қарорҳо иборат мебошанд.
Қатънома саҳми давлатҳои узв, роҳбарон ва халқҳоеро, ки тавассути равандҳои сиёсии фарогир, чораҳои эътимодбахш, барқарорсозии пас аз низоъ ва сармоягузориҳои дарозмуддат ба ваҳдати иҷтимоӣ дар таҳкими сулҳ, оштӣ, муколама ва ваҳдати миллӣ саҳм гузоштаанд, истиқбол мекунад.
Қатънома хотирнишон месозад, ки ин таҷрибаҳои миллӣ ҳамчун манбаи арзишманди илҳомбахшӣ барои наслҳои имрӯза ва оянда хизмат мекунад.
Набояд фаромуш сохт, ки сулҳу осоиштагӣ аз неъматҳоеянд, ки на ба ҳама доштанаш муяссар гардидааст.
Сулҳу оромӣ ба инсоният хушбахтӣ, фазои осоишта, хандаҳои беғаши тифлакон, шодиву нишоти пиру ҷавон ва осмону софу беғуборро ҳадя месозад. Доштани ин неъмати бебаҳо барои миллати тоҷик давлати бузург аст. Вале набояд фаромуш сохт, ки ин сулҳу ваҳдати сартосарӣ ба мардуми кишвар ба осонӣ муяссар нагаштааст.
Дар рӯзгори ҳар миллат ҳодисаҳои нохуш, ҷангу низоъҳои дохилӣ дида мешавад, лек дар ингуна лаҳзаҳои душвори ба сари миллат омада бояд шахсиятҳое рӯйи кор оянд, ки халқро ба муттаҳидӣ ва давлатро аз парокандагӣ наҷот диҳанд.
Хушбахтона, барои халқи тоҷик ингуна фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбанд, ки миллатро сарҷамъ ва ба кишвар сулҳу оромӣ оварданд. Пешвои миллати мо бо он қаҳрамони халқи худ аст, ки сулҳро нигоҳ дошта тавонисту ҳифз кард.
Мо дар мисоли баъзе аз кишварҳои ҷаҳон дида истодаем, ки дар баробари саноату иқтидори иқтисодии бузург доштанашон наметавонанд амну осоишро дар кишвари худ пойдор нигаҳ доранд.
Баъзеи онҳо дорои силоҳи ядроӣ бошанд ҳам, аммо сулҳу ваҳдату ҳамгироиро дар кишвари худ таъмин карда наметавонанд. Халқи тоҷик бо Пешвои худ сулҳро соҳиб гардидааст ва мехоҳад, ки ин гуна сулҳ дар саросари ҷаҳон вуҷуд доша бошад:
«Мо ҳамеша ҷонибдори сулҳ дар саросари ҷаҳон ҳастем ва хоҳонем, ки тамоми мухолифату низоъҳо, дар кадом минтақа ё кишваре, ки набошанд, танҳо бо роҳҳои осоишта ва музокирот ҳал карда шаванд», -изҳор намуда буданд Пешвои миллат зимни яке аз суханрониҳои худ.
Ногуфта намонад, ки яке аз сабабҳои асосии нарасидан ба сулҳ дар чанде аз кишварҳои ҷангзада, вуҷуд надоштани пешвои сиёсӣ ва мардумӣ мебошад. Дар ин кишварҳо шахсияти барҷастае пайдо намешавад, ки мардум аз паси ӯ бираванд. Пешво ва сарваре пайдо намешавад, ки аксари шаҳрвандон ба суханонаш гӯш диҳанд ва идеяҳои ӯро ҷонибдорӣ намоянд, дар атрофаш мутаҳҳид гарданд. Ҳанӯз ҳам дар ин кишварҳои ҷангзада фарде пайдо нашудааст, ки қудрати муттаҳид кардани халқро дошта бошад.
Аз ин рӯ, ба ин манзараҳо нигариста, бояд шукрона кунем, ки дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик амали бузургро анҷом доданд.