Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади сиёсӣ-барномавӣ дорои аҳаммияти муҳимми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ буда, дар он як қатор ташаббусҳои ҳуқуқӣ пешниҳод мегарданд, ки самтҳои асосии рушди қонунгузорӣ ва сиёсати ҳуқуқии давлатро муайян менамоянд.
Гарчанде паём хусусияти меъёрӣ надошта бошад ҳам, он дар амал ҳамчун манбаи стратегӣ ва роҳнамои ҳуқуқэҷодкунӣ баромад мекунад. Аз ҷумла, дар паём таъкид гардидааст, ки:
“Нақши қонунгузорӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар ва таъмин намудани рушди устувору босуръати он, амнияти ҷомеа ва давлат, таҳкими суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ басо муҳим ба шумор меравад.
Аз ин рӯ, таҳлили ҳамаҷонибаву пайвастаи қонунгузорӣ ва таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати такмили он барои иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар зарур мебошад”.
Яке аз ташаббусҳои муҳими ҳуқуқӣ, ки дар паём пайваста таъкид мегардад, такмили қонунгузории миллӣ мутобиқ ба талаботи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии давлат мебошад.
Дар ин замина зарурати таҳия ва қабули қонунҳои нав, инчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда бо мақсади баланд бардоштани самаранокии танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ таъкид мешавад.
Дар паём қайд карда шудааст, ки: “Соли равон бо саъю талошҳои кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд.
Мероси таърихиву фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Вале бо вуҷуди он ки ёдгориҳои бостонӣ зиёда аз 70 фоизи ин меросро ташкил медиҳанд, дар кишвар қонуни соҳаи бостоншиносӣ мавҷуд нест”.
Албата қабули чунин қонун, ки замина ҳуқуқии танзими онро муайян мекунад, инчунин барои дуруст истифода ва муҳофизати ёдгориҳои бостонӣ мусоидат хоҳад намуд.
Самти дигари муҳимми ташаббусҳои ҳуқуқӣ ба ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ марбут аст.
Дар паём масъалаҳои таҳкими мустақилияти ҳокимияти судӣ, такмили мақоми судяҳо, дастрасии адолати судӣ ва баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор мегиранд. Ин ташаббусҳо заминаи таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи мурофиаҳои судӣ ва ташкили фаъолияти мақомоти судиро фароҳам меоранд.
Илова бар ин, дар паём ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аҳаммияти махсус дода мешавад.
Ташаббусҳо дар самти баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими волоияти қонун, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва такмили механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон пешниҳод мегарданд, ки онҳо ба татбиқи самараноки меъёрҳои конститутсионӣ мусоидат менамоянд.
Аз ҷумла, дар паём дар бораи «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад, қайд карда шуд. Дар ҳақиқат, Эъломияи Куруши Кабир ҳамчун яке аз нахустин санадҳои таърихӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон шинохта шуда, дар таърихи тамаддуни башарӣ мавқеи вижа дорад.
Ин санад, ки дар асри VI то милод ба номи Куруши Кабир иртибот дода мешавад, дар худ ғояҳои таҳаммулпазирии динӣ, эҳтиром ба анъанаҳои халқҳои гуногун, озодии эътиқод ва адолати иҷтимоиро таҷассум менамояд.
Аҳаммияти илмӣ-ҳуқуқии Эъломияи Куруши Кабир дар он зоҳир мегардад, ки он бори аввал принсипҳои асосии муносибати инсондӯстона байни ҳокимият ва ҷомеаро баён намудааст.
Мазмуни ин санад аз ҳуқуқи халқу миллатҳо ба нигоҳдории фарҳанг, забон ва дини худ шаҳодат медиҳад, ки бо арзишҳои муосири ҳуқуқи байналмилалии инсон ҳамоҳанг мебошад. Бо дарназардошти аҳаммияти умумибашарии ин санад, ЮНЕСКО Эъломияи Куруши Кабирро ҳамчун мероси муҳими фарҳангӣ ва ҳуқуқии тамаддуни ҷаҳонӣ эътироф намудааст.
Дар қатъномаҳо ва санадҳои барномавии ЮНЕСКО ғояҳои дар Эъломияи Куруш ифодаёфта - сулҳ, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва ҳамзистии фарҳангҳо - ҳамчун арзишҳои асосии ҷомеаи байналмилалӣ таъкид мегарданд.