Таърих собит намудааст, ки ҷавонон дар ҳамаи давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа, нерӯи бузурги созанда ва ояндасози давлату миллат ба шумор мераванд. Маҳз ҷавонон метавонанд бо нерӯи ақлонӣ, ҷаҳонбинии муосир, ташаббускорӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар пешрафти давлат нақши муассир гузоранд.
Аз ҳамин ҷост, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, барои дастгирӣ, тарбия ва рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон заминаҳои воқеии ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ фароҳам оварда шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа, такягоҳи давлат ва идомадиҳандаи роҳи созандаи миллат арзёбӣ намуда, пайваста таъкид менамоянд:
“Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, зеро онҳо бо нангу номуси миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ташаббусҳои созанда дар рушди Тоҷикистони азиз саҳми арзишманд мегузоранд.”
Воқеан ҳам, ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ хушбахттарин насли таърихи миллат мебошанд. Насле, ки дар фазои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва таҳти ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат ба камол расидааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ масъалаи ҷавонон ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфт. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”, таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, квотаҳои Президентӣ, стипендияҳои Президентӣ, таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин эълон гардидани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” далели равшани таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти давлат ба ҷавонон мебошад.
Маҳз тавассути чунин тадбирҳои муҳим ҳазорҳо ҷавонони лаёқатманд имкони таҳсил, фаъолияти касбӣ, такмили ихтисос ва иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишварро пайдо намуданд.
Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа — аз хизмати давлатӣ то илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, иқтисод ва низоми ҳуқуқӣ фаъолияти назаррас доранд.
Дар ин раванд, ҷавонони мақомоти адлия низ ҳамчун пайравони сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат саҳми арзанда мегузоранд.
Мақомоти адлия ҳамчун яке аз ниҳодҳои муҳими давлатӣ дар татбиқи сиёсати ҳуқуқии давлат, ҳифзи қонуният, таъмини волоияти қонун, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон нақши калидӣ дорад.
Таърихи мақомоти адлияи Тоҷикистон бо таърихи давлатдории навини тоҷикон пайванди ногусастанӣ дошта, мақомоти адлия дар тамоми марҳилаҳои ташаккули давлатдорӣ ҳамчун такягоҳи муҳими ҳуқуқӣ ва кафили татбиқи қонунгузорӣ хизмат намудааст. Махсусан, дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии давлат фаъолияти мақомоти адлия марҳила ба марҳила такмил ёфта, заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти он мустаҳкам гардиданд. Дар ин давра ислоҳоти муҳими ҳуқуқӣ амалӣ шуда, низоми қонунгузорӣ мутобиқ ба талаботи замони муосир рушд ёфт ва нақши мақомоти адлия дар таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд боз ҳам тақвият пайдо намуд.
Дар баробари ин, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон тамоми имкониятҳои мусоидро фароҳам овардааст. Аз ҷумла, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, китобхонаҳо, марказҳои ҷавонон, майдончаҳои варзишӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил дар дохил ва хориҷи кишвар, дастгирии ташаббусҳои ҷавонон ва фароҳамсозии фазои мусоид барои рушди қобилияту истеъдоди онҳо аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.
Имрӯз дар мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони соҳибкасб, ватандӯст, донишманд ва дорои ҷаҳонбинии муосир фаъолияти пурсамар доранд. Айни ҳол дар мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 450 нафар хизматчии давлатӣ фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 137 нафарро ҷавонон ташкил дода, 30,3 фоизи шумораи умумии кормандонро дар бар мегиранд.
Ҳамзамон, теъдоди назарраси ҷавонони соҳаро ҷавондухтарон ташкил намуда, онҳо дар самтҳои гуногуни фаъолияти ҳуқуқӣ, таҳлилӣ, илмӣ ва ташкилӣ бо масъулияти баланд фаъолият менамоянд.
Боиси қаноатмандист, ки ҷавонони мақомоти адлия дар татбиқи барномаҳои давлатӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлат фаъолияти муассир доранд. Ҷавонони соҳа пайваста барои такмили донишу малакаи касбӣ кӯшиш намуда, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосирро аз худ менамоянд.
Дар ин замина ҷавонони мақомоти адлия дар чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзишӣ иштироки фаъолона намуда, дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон саҳми арзанда мегузоранд.
Қобили зикр аст, ки ҷавонони Вазорат дар озмуну чорабиниҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои сазовор гардидаанд. Аз ҷумла, солҳои 2024 ва 2025 дар озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон», ки дар доираи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023–2030 баргузор гардид, духтарони ҷавону болаёқати Вазорати адлия пайдарҳам сазовори ҷойи якум гардиданд.
Ҳамчунин, Китобхонаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2021 ва 2025 дар озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» аз рӯи номинатсияи «Китобхонаи беҳтарини идоравӣ» сазовори ҷойи дуюм гардидааст, ки ин нишонаи таваҷҷуҳи кормандони соҳа ба китобу китобхонӣ ва баланд будани сатҳи маърифати ҳуқуқиву фарҳангии онҳо мебошад.
Ҳамзамон, кормандони ҷавони мақомоти адлия дар мусобиқаҳои варзишии байни вазорату идораҳо аз рӯйи намудҳои футбол, волейбол, гӯштини миллӣ, шоҳмот, тенниси рӯимизӣ ва дигар намудҳои варзиш фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён ва ифтихорӣ мегарданд. Иштироки фаъолонаи ҷавонон дар чунин мусобиқаҳо барои таҳкими тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани рӯҳияи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, таҳкими ҳамбастагӣ ва муаррифии шоистаи мақомоти адлия мусоидат менамояд.
Маҳз чунин ҷавонони фаъол, донишманд, ташаббускор ва ватандӯст ояндаи давлату миллатро месозанд. Зеро ҷавонон нерӯи бузурги созанда, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва такягоҳи боэътимоди давлат ба ҳисоб рафта, саҳми онҳо дар таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол басо назаррас мебошад.
Имрӯз ҷаҳони муосир бо таҳдиду хатарҳои сиёсиву идеологӣ, аз ҷумла экстремизм, терроризм, хурофотпарастӣ ва дигар омилҳои номатлуб рӯ ба рӯ гардидааст. Дар чунин шароит ҷавонон бояд дорои ҳушёрии баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ бошанд.
Президенти ҶТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа бояд бо донишҳои замонавӣ, ҷаҳонбинии васеъ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, фарҳанги воло ва садоқат ба давлату миллат дар роҳи ҳифзу таҳкими Истиқлоли давлатӣ саҳмгузор бошанд.
Зикр гардидани он низ бамаврид аст, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди таърихии миллати тоҷик ба шумор рафта, маҳз бо шарофати он Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста ва устувор пайдо намуд.
Аз ин рӯ, ҳар як ҷавони ватандӯст бояд ин неъмати бузургро ҳамчун арзиши муқаддаси миллӣ ҳифз намуда, баҳри таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам ободу пешрафта гардидани Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузорад.
Ҷавонони мо ворисони давлатдории ҳазорсолаи тоҷикон, идомадиҳандагони роҳи созандаи Пешвои миллат ва ояндасозони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Аз ҷавонон масъулияти баланд, дониши амиқ, фарҳанги воло, ватандӯстӣ, садоқат ба давлат ва хизмати поквиҷдонона талаб карда мешавад.
Боварии комил дорам, ки ҷавонони мақомоти адлия минбаъд низ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба қонун, садоқат ба давлат ва хизмат ба халқ дар рушди соҳаи адлия ва таҳкими давлатдории миллӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Бори дигар ҳамаи шумо — ҷавонони фаъоли мақомоти адлия ва кулли ҷавонони Тоҷикистони азизро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, бароятон саодати рӯзгор, муваффақиятҳои беназир ва дар роҳи хизмат ба Ватани маҳбубамон барору комёбӣ орзу менамоям.
Бигзор ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша нерӯи созанда, ҳимоятгари давлат ва ифтихори миллат бошанд!
Собирзода Исфандиёр,
ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон