Имрӯз, 17 май дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид. Дави миллӣ дар шаҳри Душанбе аз дидбонгоҳи Чорбоғ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» доир шуд.
Дар Дави миллӣ кормандони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки Дави миллӣ маъракаи умумимиллӣ буда, ба солимӣ ва оммавияти варзиш нигаронида шудааст. Варзиш дар ҳаёти инсон ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа дошта, машғулияти варзишӣ ва обутоби бадан ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти солим ба ҳисоб меравад.