Муносибатҳои неки ҳамсоягӣ яке аз рукнҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар меҳвари он арзишҳои сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мутақобила қарор доранд.
Ин равиши созанда аз сиёсати сулҳҷӯёна ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, ки ҳамеша бар он таъкид менамоянд, ки “Суботу оромӣ ва амнияти минтақа танҳо дар шароити эътимод ва ҳамкории зичи кишварҳои ҳамсоя таъмин мегардад”.
Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ роҳи муколамаи созанда, ҳалли мусолиматомези ихтилофҳо ва пешбурди дипломатияи дӯстиро интихоб намуд.
Маҳз ҳамин сиёсати хирадмандона имкон фароҳам овард, ки кишвар бо давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муносибатҳои худро тадриҷан ба сатҳи шарикии воқеӣ ва ҳамкории стратегӣ барорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 таъкид намудаанд, ки «Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.
Ҳамчунин, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд».
Ин суханон бозгӯи онанд, ки масъалаҳои сарҳадӣ на танҳо як масъалаи ҳуқуқӣ, балки сарнавиштсоз барои сулҳу субот ва рушди устувори минтақа мебошанд.
Ҳамзамон, Сарвари давлат дар идомаи сиёсати худ таъкид менамоянд, ки «Мо ҳамеша ҷонибдори ҳалли ҳамаи масъалаҳои баҳсталаб танҳо тавассути гуфтушунид ва бо роҳи осоишта мебошем».
Ин мавқеи устувор нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ҳалли ҳама гуна мушкилотро танҳо дар чорчӯбаи муколама ва эҳтироми манфиатҳои тарафайн мебинад.
Бо вуҷуди ин, бояд эътироф кард, ки роҳи расидан ба чунин натиҷаҳо осон набуд. Ҷараёни гуфтушунидҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон солҳои тӯлонӣ идома ёфта, бо мушкилоти зиёди таърихӣ ва ҳуқуқӣ рӯ ба рӯ гардид.
Номуайян будани хатти сарҳад, мавҷудияти қитъаҳои баҳсталаб ва мушкилоти истифодаи захираҳои табиӣ боиси нофаҳмиҳо ва ҳатто муноқишаҳои мусаллаҳонаи ғайрирасмӣ гардиданд, ки дар баъзе ҳолатҳо ба талафоти ҷонӣ ва хунрезиҳо оварда расониданд.
Ин вазъият муносибатҳои байнидавлатиро дар як марњилаи кўтоњ сард намуда, ба зиндагии осоиштаи аҳолии минтақаҳои сарҳадӣ таъсири манфӣ расонд.
Аммо сиёсати сулҳпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боло гирифт, бо ибтикор ва талошҳои пайгиронаашон садҳо мулоқоту музокирот, нишастҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баргузор гардида, тадриҷан замина барои ҳалли ниҳоии масъалаҳои баҳсталаб фароҳам оварда шуд.
Дар натиҷа, як қатор санадҳои муҳими ҳуқуқӣ ба имзо расиданд, аз ҷумла шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, шартномаи сеҷониба оид ба нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, инчунин як силсила созишномаҳои иловагӣ вобаста ба истифодаи роҳҳо, замин ва инфрасохтори сарҳадӣ.
Моҳияти ин санадҳо дар он ифода меёбад, ки онҳо ба баҳсҳои тӯлонӣ хотима бахшида, сарҳадро ба таври дақиқ муайян карданд ва барои рушди ҳамкориҳои фаромарзӣ шароити мусоид фароҳам оварданд.
Дар ин замина, имзои Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ, ки аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, аҳаммияти махсус дорад.
Ин эъломия ҳамчун санади сиёсӣ ва рамзии сатҳи баланд ба таҳкими сулҳи пойдор, рушди ҳамкориҳои иқтисодию гуманитарӣ ва густариши муносибатҳои дӯстона замина гузошт.
Дар доираи ин раванд зиёда аз ҳазор километр масоили сарҳадӣ ҳаллу фасл гардида, бахусус минтақаҳои порчадармиён ва қитъаҳои ҳамшафат ба таври мутақобила ҳаллу фасл шуданд. Баъзе масъалаҳо тавассути иваз ва кӯчонидани аҳолӣ ба таври осоишта ҳал гардиданд.
Аз ҷумла, роҳи Хистеварз (Арка) бо дарозии 9 километр, ки мавриди баҳси ҷиддӣ қарор дошт, бо талошҳои ҷониби Тоҷикистон пурра ба ихтиёри кишвари мо гузошта шуд.
Ҳамчунин, бунёди роҳи Хоҷаи Аъло – Ворух бо паҳноии 40 метр ва дарозии 4,2 километр яке аз дастовардҳои муҳим ба шумор меравад, ки мушкилоти чандинсолаи аҳолиро ҳал менамояд, зеро сокинон аз соли 1976 маҷбур буданд аз роҳи деҳаи Оқсои Қирғизистон истифода баранд.
Ҳамин тавр, ҳамаи ин дастовардҳо нишон медиҳанд, ки бо иродаи қавии сиёсӣ, сабру таҳаммул ва муколамаи созанда метавон ҳатто мушкилтарин масъалаҳои таърихиро ҳал намуд ва барои наслҳои оянда фазои сулҳу субот ва ҳамзистии осоиштаро таъмин кард.
Бояд махсус таъкид намуд, ки аҳамияти имзои Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ танҳо ба ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ маҳдуд намешавад.
Ин санад оғози марҳилаи сифатан нави ҳамгироии минтақавӣ ба ҳисоб рафта, барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, нақлиётӣ ва гуманитарӣ заминаи устувор фароҳам меорад. Имрӯз кишварҳои минтақа имконият доранд, ки бо истифода аз фазои нави эътимод, лоиҳаҳои муштараки бузургро амалӣ намоянд, аз ҷумла дар самти бунёди роҳҳо, рушди долонҳои нақлиётӣ, истифодаи самараноки захираҳои об ва энергетика. Ин раванд на танҳо ба манфиати давлатҳо, балки ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ низ таъсири мустақим мерасонад.
Маҳз бо шарофати чунин созишҳо, минтақаҳои сарҳадӣ, ки қаблан бештар бо мушкилоту маҳдудиятҳо рӯ ба рӯ буданд, тадриҷан ба минтақаҳои рушд ва ҳамкорӣ табдил меёбанд.
Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки «сулҳу субот ва ҳамкории созанда омили асосии пешрафти кишварҳо мебошад».
Ин андеша дар амал собит гардид, зеро маҳз фазои сулҳу эътимод имконият медиҳад, ки давлатҳо неруи худро ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона созанд.