5 октября 2026
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти он, ки Конститутсияи мамлакат дар моддаи 17 нисбати мақоми баробар ва ҳуқуқҳои якхелаи мардон ва занон кафолати конститутсиониро муқаррар намуда, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон будани онро пешбинӣ мекунад, барои аз ҷониби мардон ва занон истифода шудани ҳуқуқ ва имкониятҳои якхела таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, бо ин мақсад марҳила ба марҳила на танҳо заминаҳои ҳуқуқӣ, инчунин заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии заруриро фароҳам оварда истодааст. Чунончи, ҳамчун қадами нахустини сиёсӣ дар самти таъмин намудани имкониятҳои баробари занон ва мардон 3 декабри соли 1999, №5 ба тавсиб расидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа».
Бо фармони мазкур мушаххас муқаррар карда шуд, ки мақсади асосии ба тавсиб расидани ин санад таъмини иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идораи давлат, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии зан ва солим гардонидани генофонди миллӣ, болоравии нақши зан дар таҳкими пояҳои ахлоқию маънавӣ ва сулҳу ваҳдат ба шумор меравад. Бо ин назардошт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки барои баланд бардоштани мақоми занон, татбиқи воқеии волидайн дар тарбияи кӯдакон, бартарафсозии хурофот ва урфу одатҳои иртиҷоӣ, ташаккули оилаи солим тадбирҳои амалӣ андешида, то 1 майи соли 2000 барномаи давлатии «Мақоми зан дар ҷомеа»-ро таҳия намояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ илова ба ин вазифадор карда шуданд, ки занонро бо дарназардошти салоҳиятнокӣ ва сифатҳои касбию кордониашон ба ҳайати роҳбарикунандаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ, ҷамоатҳо, мақомоти прокуратура ва суд, таълимгоҳҳои олӣ ва дигар муассисаҳои маориф таъин намоянд.
Аз тарафи роҳбарияти олии сиёсии кишвар роҳандозӣ шудани тадбири мазкур замоне рӯи кор омад, ки тибқи хотироти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Солҳое, ки ман дар мактаби миёна мехондам, ҳамагӣ 3-4 бонуи омӯзгор дар мактаби мо кор мекард. Ё баъдтар дар хоҷагӣ кор кардам, вазъият аз ин ҳам бадтар буд. Дар ҳамон давра занони маълумоти олидор дар баъзе минтақаҳо умуман набуданд ё ангуштшумор, яъне бениҳоят кам буданд» (Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи модар аз 7 марти соли 2025).
Имрӯз бо мақсади ба амал баровардани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016, №636 тасдиқ карда шудааст, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, ки шумораи хизматчиёни давлатӣ ва кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат мутобиқан то 30 ва 25 фоиз расонида шавад.
Тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалигардида имконият фароҳам оварданд, ки аз 18 586 шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 4 698 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Аз 6 099 шумораи умумии кадрҳои роҳбарикунанда бошад 1 142 нафарашон аз ҳисоби занону духтарони болаёқат таъин карда шудаанд (манбаъ: http://ahd.tj/faoliyat/omor-dar-hizmati-davlati/. Санаи дастарсӣ: 06.03.2026).
1 марти соли 2005 ҳамчун санади ҳуқуқии махсусгардонидашудаи дорои сатҳи баланди қувваи ҳуқуқӣ қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» идомаи мантиқии муқаррароти моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати давлатӣ оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа маҳсуб ёфта, барои такмили минбаъдаи сиёсати мазкур заминаи устувори ҳуқуқӣ гузошт.
Қонуни мазкур бо ба танзим даровардани муносибатҳо вобаста ба таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии занон ва мардон дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва самтҳои дигар, табъизро аз рӯи аломати ҷинсӣ пешгирӣ намуд, ки ин дар амалигардонии имкониятҳои баробарҳуқуқии занон ва мардон омили меҳварӣ ба шумор меравад.
Моддаи 12 Қонуни мазкур мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва роҳбарони ташкилотҳоро новобаста аз шакли моликияташон вазифадор намуд, ки баробар дастрас будани захираҳои иқтисодии ҷамъиятро барои мардону занон, аз ҷумла дастрас будани амволи манқул ва ѓайриманқул, замин, дороии молиявӣ, кредитҳо, ҳамчунин фаъолияти соҳибкории озод, дигар хел фаъолияти бо санадҳои қонунгузорӣ манънашударо таъмин намоянд.
Дар ин манзар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 марти соли 2025 зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи модар иброз доштанд, ки «Ҷиҳати ҳарчи бештар ба шуғл фаро гирифтан ва дастгирии минбаъдаи фаъолияти соҳибкориву ҳунармандии занону бонувон, ҷалб ва ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи онҳо ба истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва косибӣ супориш медиҳам, ки аз соли 2025, ҳаҷми грантҳои президентӣ 3 баробар зиёд карда, ба 15 миллион сомонӣ расонида шавад».
Тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июли соли 2025, №420 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2025-2030» ба тавсиб расид, ки мувофиқи қарори мазкур бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон ҳамасола, шурӯъ аз соли 2025 то соли 2030 ҷудо гардидани 15 000 000 (понздаҳ миллион) сомонӣ ҷиҳати ташкили 200 грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардид.
Мавриди зикр аст, ки мақсади асосии ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро фароҳам овардани шароит барои амалӣ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои иқтисодии занон, таъмини иштироки баробари онҳо дар ҳаёти ҷомеа, баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии занон дар бозори меҳнат, дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон, ташкили ҷойҳои нави корӣ ташкил медиҳад.
Ҷудо гардидани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон агар аз як тарафи барои муҳайё гардидани ҷойҳои кории нав мусоидат намояд, аз тарафи дигар имконият фароҳам меорад, ки занон ва бонувон ба корҳои идоракунӣ, аз ҷумла корҳои ҷамъиятӣ ҷалб гардида, ҷиҳати тақвияти зиракии сиёсӣ ва фаъолнокии сиёсӣ чораандешӣ намоянд. Зеро Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ нисбат ба мақоми зан дар идоракунии давлатӣ ва пешбурди сиёсати созанда баҳои баланди сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дода, онро ҳамчун маҳаки созандагӣ ва муттаҳидиву сарҷамъии миллат қарор додааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин маънӣ ишора намуда таъкид доштанд, ки «..онҳо аз рӯзҳои аввал сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлатро дар барқарорсозии сулҳ, сарҷамъ намудани мардуми тоҷик, ҳифзи истиқлолу озодӣ ва дигар масъалаҳои давлатдорӣ на фақат самимона дастгирӣ намуданд, балки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлати тозаистиқлоли тоҷикон кумак ва саъю талошҳои зиёд карданд».
Нурзода Парвина Шермат,
нотариуси давлатии Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе