16-уми феврали соли 2025-ум мулоқоти муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Ҳакимзода бо муовини Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) хонум Эри Двиведи баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, ҳамкорӣ дар самти Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати ноболиғон барои солҳои 2023-2027 дар соли 2026, Барномаи барканор кардани кўдакон аз низоми адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва амалинамоии Барнахус - модели байнисоҳавии кӯмак ба кӯдаконе, ки аз зӯроварӣ ранҷ кашидаанд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар умум вохўрии мазкур дар фазои дўстона баргузор гардид.