Имрӯз дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи ташкил ва гузаронидани нишасти матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025-ум мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Нишасти матбуотӣ соати 14:00 дар бинои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Ба саволҳои рӯзноманигорон вазири адлия Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ва муовинони ӯ, сардорони сарраёсатҳо, раёсатҳо ва дигар воҳидҳои сохтории вазорат посухҳои асоснок доданд. Саволҳо паҳлуҳои гуногуни фаъолияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар гирифтанд.