4-5 – уми декабри соли 2025-ум дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Форуми ҳуқуқии Беларус таҳти унвони «Ҳуқуқ дар ҷаҳони муосир» баргузор гардид. Дар Форуми мазкур муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарализода Зафар Сафаралӣ иштирок ва вобаста ба дастовардҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаирақамикунонии низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ суханронӣ намуд. Дар чорабинӣ масъалаҳои такмили қонунгузорӣ дар бораи никоҳ ва оила, танзими фаъолияти адвокатӣ, истеҳсолоти иҷро, фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, бақайдгирии давлатии субъектҳои хоҷагидор баррасӣ шуданд. Дар Форум намояндагони вазоратҳои адлияи Федератсия Россия, Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнамва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок ва суханронӣ намуданд.