Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии истиқлолияти сиёсӣ ва ҳувияти миллӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ба ҳайси рамзи ягонагӣ, соҳибихтиёрӣ ва мақоми байналмилалии давлат шинохта мешавад.
Барои Тоҷикистон, ки роҳи пурмашаққати давлатсозию давлатдории навинро тай намудааст, Парчами давлатӣ на танҳо рамзи қонунии давлатдорӣ, балки нишонаи эҳёи миллӣ, ваҳдати ҷомеа ва идомаи арзишҳои таърихии халқ ба шумор меравад.
Қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ дар марҳилаи таҳкими давлатдории навин гардид.
Ин рӯз дар тақвими миллии кишвар ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ сабт ёфта, ҳамасола таҷлил мешавад.
Бо мурури замон ин сана на танҳо ҷашни давлатӣ, балки рӯзе гардид, ки шаҳрвандон ба арзишҳои давлатдорӣ, таваҳҳуд ба Ватан ва эҳсоси худшиносии миллӣ бештар рӯ меоранд.
Матни зерин нақш, мазмун, арзиш ва ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва таърихии Парчами миллиро дар масири давлатсозии Тоҷикистон шарҳ медиҳад.
Парчам ҳамчун рукни асосии давлатдорӣ
Мувофиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳар кишвар барои фарқият ва эътирофи худ дорои се нишонаи асосӣ мебошад: Парчам, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ.
Ин се рамз асоси ҳастии ҳуқуқии давлатро дар дохил ва хориҷ ифода мекунанд.
Дар Тоҷикистон Парчам тибқи моддаи 3-юми Конститутсия ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси давлат эътироф шудааст.
Ин матн ва ҷойгоҳ то имрӯз такягоҳи ҳуқуқӣ барои истифода ва ҳифзи арзиши Парчам мебошад.
Парчам дар мамлакат:
мақоми ҳуқуқии давлатро тасдиқ мекунад;
рамзи ягонагии мардуми кишвар аст;
ба аҳли ҷомеа ҳисси шаҳрвандӣ ва ифтихор эҳдо мекунад;
дар муносибатҳои хориҷӣ Тоҷикистонро намояндагӣ менамояд;
дар тамоми идораҳо, муассисаҳо, муассисаҳои илмию маориф, маъмуриятҳо ва маросимҳои давлатӣ истифода мешавад.
Ҳар як шаҳрванд ба Парчaми давлатӣ ҳамчун арзиши муқаддаси миллӣ муносибат мекунад.
Мафҳум ва маънои рамзии Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Парчами давлатии Тоҷикистон аз се ранги уфуқии сурх, сафед ва сабз иборат аст.
Дар миён тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷойгир шудааст.
Ҳар яке аз ин нишонаҳо таърихан реша дошта, пояи маънавию фарҳангии худро дорад.
Ранги сурх ҳамчун рамзи нерӯ, шуҷоат, адолат ва истиқлол маъруф аст.
Ин ранг ҳамчунин иродаи устувори миллатро дар масири сохтан ва ҳифзи давлатдорӣ ифода мекунад.
Дар шароити кунунӣ ранги сурх қувваи пешбарандаи ҷомеа ва заҳмати созандаи миллатро нишон медиҳад.
Ранги сафед рамзи сулҳ, покизагӣ, равшанбинии фикрӣ ва нияти нек мебошад.
Ин ранг ҳамчунин ба арзишҳои фарҳанги миллии тоҷикон – ростӣ, адолат ва ваҳдати фикрӣ мувофиқ аст.
Дар давлати мо сафед боз рамзи нангу номус, ватандӯстӣ ва муносибати инсонӣ ба ҳисоб меравад.
Ранги сабз рамзи табиат, ҳаёт, ҳосилхезӣ ва аҳамияти замин барои мардуми Тоҷикистон аст.
Ин ранг нишондиҳандаи меҳнатдӯстии миллат, эҳтиром ба табиат ва қадршиносии неъматҳои он мебошад.
Тоҷ дар маркази Парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва бақои давлат қарор дорад.
Ҳафт ситора бошад, маънои 7 арзиши муҳимро ифода мекунад:
Таърихи қабули Парчами давлатӣ
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 дар иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ қабул гардид.
Ин рӯйдод дар замоне сурат гирифт, ки Тоҷикистони тозаистиқлол ба мушкилоти ҷиддии сиёсиву иқтисодӣ ва ноамниҳои дохилӣ рӯ ба рӯ буд.
Қабули Парчами навин дар он рӯзҳо қадами муҳим ба сӯи барқарории пояҳои давлатдорӣ, таъмини ваҳдати миллӣ, ба роҳ мондани сохтори идорӣ ва муҳимтар аз ҳама, нишони ягонагии шаҳрвандон гардид.
Ин истиқболи рамзи давлатдорӣ мардумро аз ҳар гӯшаву канор муттаҳид сохт ва ба онҳо бовар бахшид, ки Тоҷикистон метавонад роҳи рушду пешрафтро ба таври мустақил идома диҳад.
Арзиши фарҳангӣ ва маънавии Парчам
Парчам дар фарҳанги миллӣ мавқеи вижа дорад.
Он рамзи ифтихору ватандӯстӣ буда, ба ҷавонон ва наслҳои оянда ҷаҳонбинии миллӣ ва муҳаббат ба Ватан меомӯзад.
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ Парчам як ҷузъи тарбияти ватандӯстона аст.
Дар маросимҳои давлатӣ, аз қабили қабули донишҷӯён, савгандёдкунии сарбозон, ҷашнҳои миллӣ ва чорабиниҳои байналмилалӣ боло бурдани Парчам яке аз лаҳзаҳои пурифтихор мебошад.
Парчам имрӯз дар диёспораҳои тоҷик дар хориҷи кишвар низ ҳамчун рамзи ягонагӣ ва пайванди фарҳангӣ хизмат мекунад.
Ҷанбаҳои ҳуқуқии истифодаи Парчам
Истифодаи Парчами давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» танзим мешавад, ки афрохтани онро дар ҷойҳои зерин ба таври доимӣ чунин муқаррар намудааст:
дар боло ё пештоқи бино ва ё бо пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигари идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа (ҷамоатҳо), намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;
дар болои биное, ки ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намоядагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо гузаронида мешаванд;
дар толорҳои ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маҷлисҳои судии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;
дар утоқҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар биноҳое, ки барои гузаронидани чорабиниҳои расмӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд, утоқҳои кории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ, роҳбарони мақомоти дигари идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, раисони судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, сарони намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;
дар қисмҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (мутобиқи оинномаҳои ҳарбӣ), гузаргоҳҳо, дидбонгоҳҳо ва нуқтаҳои гумрукии Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчунин дар ҷойҳои истироҳатии шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо ба сифати рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохтан мумкин аст.
Дар сурати афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парчами ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ё дигар шахсони ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, паҳно ва баландии ин парчамҳо набояд аз паҳно ва баландии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон калон бошад.
Ҳангоми дар як вақт афрохтани шумораи тоқи парчамҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мобайн ва дар мавриди афрохтани шумораи ҷуфти парчамҳо аз марказ дар тарафи чап ҷой дода мешавад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин афрохта мешавад:
дар воситаҳои нақлиёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони ҳайатҳои давлатӣ ва ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарони намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва ё шахсони дигар мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
дар боло ё пештоқи бино ва ё бо пояи махсус дар ҳавлии раъйдиҳӣ;
дар рӯзҳои ид, ҷашнҳо ва маросиму чорабиниҳои тантанавӣ дар ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо, биноҳои истиқоматӣ, ки аз тарафи мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз тарафи ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон гузаронида мешаванд;
ҳангоми эълони мотам Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мотамӣ афрохта мешавад: ба чӯбдаста (меҳвари фулузи)-и Парчам матои тасмашакли сиёҳ баста мешавад, ки нӯгҳои он бояд то қисми поёнии Парчам овезон бошанд.
Дар сурати бо чӯбдаста афрохтани Парчам ҳангоми мотам Парчам ба андозаи сеяки дарозии чӯбдаста хам карда мешавад.
Дар вақти маросими мотами шаҳрванди фавтида (ҳалокгардида) аз рӯи эҳтироми ҳарбӣ, ки оинномаи ҳарбӣ пешбинӣ намудааст, тобути марҳум бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пӯшонида мешавад.
Пас аз гӯронидан Парчами давлатӣ ба наздикони марҳум дода мешавад.
Парчам дар муносибатҳои байналмилалӣ
Парчами давлатӣ яке аз воситаҳои асосии муаррифии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ аст.
Он дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ, намоишгоҳҳо, ҳамоишҳои сиёсӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, ва мулоқотҳои сатҳи олӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.
Ифтихори баландест вақте варзишгарони мо дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ бо Парчами миллӣ ғолиб мегарданд.
Ин амал на танҳо дастоварди варзишӣ, балки болоравии нуфуз ва обрӯи кишварро нишон медиҳад.
Парчам ҳамчун омили худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ
Дар ҷомеаи муосир Парчам вазифаи муҳим — тарғиби худшиносии миллиро низ иҷро мекунад.
Ин рамз эҳсоси умумияти шаҳрвандонро бедор мекунад; масъулияти ҳар як шахсро дар ҳифзи давлатдорӣ боло мебарад; ба ҳамзистии иҷтимоӣ ва суботи сиёсӣ мусоидат мекунад; инчунин арзишҳои ватандӯстиро ба ҷавонон омӯзиш медиҳад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи арзишҳои миллӣ яке аз вазифаҳои асосии давлатдорист.
Парчами миллӣ маҳз он рамзест, ки ин вазифаро ба таври густурда иҷро менамояд.
Парчами давлатии мо бигзор ҳамеша парафшон бошад ва ба наслҳои оянда ҳамчун рамзи ифтихор, озодӣ, ваҳдат ва ҳувияти миллӣ хизмат кунад.
Қодирзода Сарвиноз Пулод,
нотариуси давлатии Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Варзоб