Конститутсияи кишвар, ки таҷассумгари орзуву ормони озодандешӣ ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми мо мебошад, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.
Эмомалӣ Раҳмон Аз таърихи таҳаввулоти низоми қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ислоҳоти конститутсионӣ дар охири асри бист бармеояд, ки кӯшишҳои таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нави Тоҷикистон дар аввали солҳои навадум шурӯъ гардид, аммо ташаккули ғояи меҳварӣ ва ҷараёни пайрезии он то ба марҳилаи ниҳоии таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол мантиқан натиҷаи амалӣ гардидани назария ва тадбирҳои мушаххаси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ислоҳоти конститутсионӣ мебошад.
Дар таърихи давлатдории тоҷикон бори нахуст 6-уми ноябри соли 1994 раъйпурсии умумихалқӣ барои қабули Конститутсия баргузор гардид. Натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ хеле муассир буд ва беш аз 87% шаҳрвандон лоиҳаро ҷонибдорӣ намуда, сарнавишти худро мутобиқи он муайян намуданд.
Ин истиқболи мардум аз лоиҳаи Конститутсия ва интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳамин рӯз ба вуқӯъ пайваст, ҳуҷҷати қотеи дастгирии ҳамаҷонибаи ислоҳоти конститутсионии Президент, ҳадафу барнома ва дурнамоҳои сиёсати дохиливу хориҷии ӯ буд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, он ҳамчун шиносномаи миллат барои шинохти давлати навини тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҳуҷҷати муҳими таърихӣ ба ҳисоб рафта, барои инкишофи давлатдорӣ ва пешрафти ҷомеа нақши муассир гузошт.
Бо татбиқи меъёрҳои Конститутсия, шароит фароҳам омад, ки идораҳои давлатӣ муътадил фаъолият намоянд, муносибатҳои ҷамъиятӣ дар асоси қонун ба роҳ монда шаванд.
Ин санади олии ҳуқуқӣ майлу иродаи мардуми масъулиятшинос, таҳаммулпазир, бунёдкунандаи ҷомеаи адолатпарвар ва қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон будани халқи Тоҷикистонро ифода намуд, ки омили муҳим ба ҳисоб меравад. Чунки дар шароити муосир ягон давлату миллат дар алоҳидагӣ, бе робитаю ҳамкориҳои мутақобила бо ҳамдигар, наметавонанд ба инкишоф ва пешравиҳо ноил гарданд.
Аз ин рӯ, бо меъёрҳои конститутсионӣ сиёсати Тоҷикистон дар самти муносибатҳои хориҷӣ ҳамчун давлати сулҳпарвару эҳтиромкунандаи соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳон муайян гардид.
Натиҷаи татбиқи ин меъёри конститутсионӣ аст, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр шинохта шуда, давлатҳои дунё бо он робитаҳои дипломатӣ барқарор намудаанд.
Минбаъд дар ин замина пеш гирифтани сиёсати “дарҳои кушод” барои боз ҳам инкишофу тараққиёти Тоҷикистон имкониятҳоро фарохтар намуд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш чунин иброз намуда буданд, “Қабули Конститутсия яке аз дастовардҳои муҳим ва бузурги миллати соҳибтамаддуни мо мебошад.
Маҳз тавассути ин санади тақдирсоз ва роҳнамо халқи мо тавонист ба шоҳроҳи пешрафту тарақиёти соҳаҳои гуногуни ҳаёти худ барояд”.
Бо дарназардошти тамоми нуқтаҳои болозикр қайд кардан зарур аст, ки ҳамаи мо миллати соҳибтамаддуни тоҷикро месазад, ки пайи иҷрои меъёрҳои Конститутсия камари ҳиммат баста, дар рушду нумуи Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем.
Танҳо бо азму иродаи қавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ мо метавонем тамоми арзишҳои миллии хешро сарбаландона ҳифз намуда, ҷиҳати пойдории он камари ҳиммат бандем.
Ҳамза Каримзода, Сармутахассиси бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Ваҳдат