Дар заминаи Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии мустақил ва принсипиалии худро ташаккул дод. Моддаи 11-уми Конститутсия таъкид менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро дар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ, ҳамкорӣ, эҳтироми соҳибихтиёрии давлатҳо ва дахлнопазирии марзҳо амалӣ месозад.
Ин меъёр баёнгари мавқеи устувори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ буда, ҳадафи он таъмини сулҳ, суботи минтақавӣ ва рушди ҳамкориҳои судманд бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон мебошад.
Конститутсия бо ин роҳ на танҳо истиқлоли сиёсӣ ва ҳуқуқии давлатро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам намуд, балки заминаи ҳуқуқиро барои пешбурди сиёсати хориҷии фаъол, мутаносиб бо манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи амнияти давлат фароҳам овард. Дар натиҷа, Тоҷикистон тавонист мавқеи худро ҳамчун шарики боэътимод дар муносибатҳои байналмилалӣ таҳким бахшида, бо созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ робитаҳои устувор барқарор намояд.
Конститутсия на танҳо озодиҳоро муқаррар мекунад, балки вазифаи мудофиаи Ватанро ҳамчун қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванд эълон менамояд. Муқаррарот оид ба ҳифзи сарҳади давлатӣ, тамомияти арзӣ ва мубориза бо экстремизм ва терроризм дар Конститутсия ҳамчун асоси ҳуқуқӣ барои таъмини амнияти миллӣ, ки ҷузъи ҷудонопазири истиқлоли давлатӣ аст, хидмат мекунад. Конститутсия, дар баробари ҳифзи истиқлоли давлатӣ, нақши муассир дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии осоиштаи ҷомеа дорад.
Зеро истиқлол бе ваҳдат маънои воқеӣ пайдо карда наметавонад. Қонуни асосӣ бо муқаррар намудани принсипҳои баробарии шаҳрвандон, озодии виҷдон, ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, заминаи ҳуқуқии ҳамбастагии миллӣ ва ҳамдигарфаҳмиро фароҳам овард.
Моддаи 17-уми Конститутсия таъкид менамояд, ки ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди қонун ва суд баробар мебошанд. Ин меъёр яке аз пояҳои асосии адолати иҷтимоӣ буда, ба таҳкими эътимоди мардум ба давлат ва таъмини ваҳдати миллӣ мусоидат мекунад. Бо ин тариќ, Конститутсия ҳамчун санади сарнавиштсоз на танҳо ҳифзи истиқлол ва соҳибихтиёрии давлатро таъмин намуд, балки барои рушди ҷомеаи демократӣ, ваҳдатофар ва адолатпарвар заминаи устувор гузошт. Дар давоми зиёда аз се даҳсолаи амали Конститутсия, давлат тавонист ба туфайли меъёрҳои он як низоми устувори сиёсӣ ва иҷтимоиро созад. Барномаҳои давлатӣ оид ба рушди иқтисод, маориф, фарҳанг ва сиёсати хориҷӣ ҳама дар доираи принсипҳои конститутсионӣ амалӣ мегарданд.
Истиқлоли давлатӣ, ки бо Конститутсия ҳифз ва танзим мегардад, имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи мустақил дошта бошад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даҳҳо кишварҳо муносибатҳои дипломатӣ барқарор кардааст, узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ мебошад.
Ҳамаи ин муваффақиятҳо маҳз дар асоси Конститутсия ба даст омадаанд, ки сиёсати хориҷии давлатро бо эҳтироми баробарии ҳуқуқ ва ҳамкорӣ танзим менамояд. Конститутсия инчунин ҳифзи истиқлоли маънавию фарҳангиро таъмин менамояд. Бо эътирофи забони давлатӣ ҳамчун забони тоҷикӣ ва эҳтиром ба забонҳои дигарон, он пояи ҳамзистии фарҳангӣ ва ифтихори миллӣ гардид.
Ин меъёр на танҳо рамзи фарҳанг, балки нишонаи ягонагии миллӣ аст, ки барои устувории истиқлол аҳамияти бузург дорад. Қонуни асосӣ забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ муқаррар намуда, ба ин васила асоси ҳуқуқии ҳифзи истиқлоли маънавӣ ва фарҳангии миллатро гузоштааст.
Эътирофи забони давлатӣ ҳамчун омили муттаҳидкунандаи ҷомеа, на танҳо рамзи давлатдорӣ, балки кафили бақои миллӣ мебошад. Ин муќаррароти конститутсионӣ нишон медиҳад, ки истиқлол бидуни ҳифзи арзишҳои таърихӣ ва фарҳангӣ нопурра аст. Ҳамаи ин далелҳо нишон медиҳанд, ки Конститутсия на танҳо ҳуҷҷати ҳуқуқӣ, балки василаи таҳкими истиқлол ва кафили пойдории давлат аст.
Он давлатро аз нигоҳи сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва маънавӣ таҳким бахшида, роҳи пешрафти устуворро муайян мекунад. Ҳифз ва иҷрои Конститутсия маънои ҳифзи истиқлолро дорад, зеро қонунҳои асосӣ пояи бақои давлат ва гарави суботи он мебошанд.