Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид. Ин иқдом дар доираи сиёсати конститутсионии кишвар амалӣ гардида, ҳадаф аз он таҳкими эҳтиром ба қонун ва Конститутсия мебошад.
Яке аз дастовардҳои бузурги Конститутсия таъмин намудани ваҳдати миллӣ мебошад.
Дар солҳои баъдиҷангӣ, маҳз Конститутсия асоси ҳуқуқии созиши миллӣ ва сулҳи устувор гардид. Имрӯз Тоҷикистон чун кишвари сулҳпарвар дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст.
Конститутсия ҳамчун рамзи ягонагӣ ва ҳамбастагии тамоми қишрҳои ҷомеа — новобаста аз миллат, забон ва эътиқод — нақши муҳим бозидааст.
Маҳз ҳамин хусусияти умумибашарӣ ва фарогир боис гардид, ки дар кишвар ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ таҳким ёбад. Имрӯз ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дарк намояд, ки ҳимояи Конститутсия маънои ҳимояи Ватанро дорад. Конститутсия китоби муқаддасе аст, ки сарнавишти миллатро муайян кардааст.
Эҳтиром ва риояи он маънои эҳтиром ба озодӣ, адолат ва истиқлолияти миллӣ дорад. Ҳифзи Конститутсия танҳо вазифаи давлат нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванд аст.
Чунончи, дар моддаи 42 омадааст: «Шаҳрванд уҳдадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд.» Пас аз 31 сол, натиҷаҳои амалии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба таври возеҳ намоёнанд. Он ҳамчун заминаи устувори ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ба таҳкими сулҳу амният, рушди иқтисод, болоравии сатҳи зиндагии мардум ва эътибори байналмилалии Тоҷикистон мусоидат намуд.
Конститутсия имконият фароҳам овард, ки Тоҷикистон аз як давлати ҷавон ба кишвари мустақил, соҳибихтиёр ва боэътимоди минтақа табдил ёбад. Дар ҳамин замина, низоми қонунгузорӣ такмил ёфт, мақомоти давлатӣ устувор гардиданд, ҳокимияти судӣ ва адлия ба сатҳи сифатан нав баромаданд.
Ҳамзамон, меъёрҳои конститутсионӣ ба ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таъсири мусбат расонида, ҳисси масъулият ва ватандӯстиро дар ҷомеа тақвият бахшиданд.
Конститутсия барои халқи тоҷик на танҳо як санади ҳуқуқӣ, балки рамзи ваҳдат, истиқлол ва пойдории давлатдории миллӣ мебошад. Он роҳнамоест, ки давлат ва миллатро ба сӯи адолат, субот ва тараққиёт ҳидоят мекунад. Маҳз бо такя ба меъёрҳои Конститутсия Тоҷикистон тавонист дар шароити мураккаби ҷаҳонӣ сиёсати сулҳҷӯёна, ҳамкорӣ ва рушди устуворро пеш барад.
Хулоса, Конститутсия омили муттаҳидсозандаи ҷомеа ва кафили амнияти миллӣ буда, давлатдории миллии моро дар пояи қонун, адолат ва масъулияти шаҳрвандӣ устувор нигоҳ медорад. Танҳо бо эҳтиром ва риояи Конститутсия мо метавонем истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва пешрафти Тоҷикистонро барои наслҳои оянда ҳифз намоем.
Ҳофиз Назарзода, нотариуси давлатии Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Рӯдакӣ