5 октября 2026
Дар таърихи навин аз нигоҳи мо яке аз дастовардҳои волотарини кишварамон ин қабули муҳимтарин санади ҳуқуқӣ - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Қатъи назар аз вазъи муракаби сиёсиву иқтисодии мамлакат дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ, 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки он ҳамчун шиносномаи миллат барои шинохти давлати навини тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ҳуҷҷати таърихӣ ба ҳисоб рафта, барои инкишофи давлатдорӣ ва пешрафти ҷомеа нақши муассир гузошт.
Бо татбиқи меъёрҳои Конститутсия, шароит фароҳам омад, ки идораҳои давлатӣ муътадил фаъолият намоянд, муносибатҳои ҷамъиятӣ дар асоси қонун ба роҳ монда шаванд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзимкунандаи соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ буда, муайянсозандаи роҳи дурахшони миллати сарбаланду баруманди тоҷик барои садсолаҳои оянда мебошад.
Дар Конститутсия муҳимтарин арзишҳои башарӣ аз қабили: қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ будан; ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморидан; дӯстии халқу миллатҳоро эътироф намудан ва халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ донистан дарҷ гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияро ҳамчун Қонуни Олӣ ва танзимкунандаи тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаётӣ, сарчашмаи батанзимдарорандаи тамоми соҳаҳои кишвар эътироф менамоянд.
Воқеан, сиёсате ки айни ҳол давлату Ҳукумати соҳибистиқлоламон бо сарварии Пешвои миллат пеш гирифтааст, сиёсати созанда буда, комилан ба талаботҳои Конститутсия асос ёфтааст. Чӣ тавре, ки дар яке аз суханрониҳои худ иброз медоранд: “Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад”.
Мавриди тазаккур аст, ки яке аз муҳимтарин меъёри Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин эътирофи халқ ба сифати баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ аст. Маънои соҳибихтиёрӣ хеле васеъ аст, яъне он ҳам ба халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимият тааллуқ дорад.
Соҳибихтиёрии Тоҷикистон, пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ - роҳу усулҳои тараққиётро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, қонуният ва ғайра, дар сиёсати хориҷӣ роҳу усулҳои муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ва умуман ҷомеаи ҷаҳониро мустақилона муайян менамояд.
Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.
Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст.
Халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд.
Ҳеҷ як иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳи одамон ва ё фарде ҳуқуқ надорад, ки ҳокимияти давлатиро ғасб намояд.
Ғасби ҳокимият ва ё тасарруфи салоҳияти он манъ аст.
Аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд.
Соҳибихтиёрии давлатӣ ба Тоҷикистон имкон дод, ки самтҳои асосиии сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона, мувофиқи манфиату иродаи ҷумҳурӣ муайян намояд.
Дар масъалаи соҳибихтиёрии халқ бояд дар ёд дошт, ки халқ баёнгари соҳибихтиёрист ва ҳокимияти худро бевосита (яъне дар раъйпурсӣ ва овоздиҳӣ) ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Мафҳуми халқ дар қисми сеюми моддаи 6-уми Конститутсия шарҳ дода шудааст, яъне тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, сарфи назар аз миллаташон халқи Тоҷикистон ҳисоб меёбанд.
Соҳибихтиёрии халқ боз дар он ифода меёбад, ки аз номи вай танҳо Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд.
Сабаб дар он аст, ки Сарвари давлатро тамоми шаҳрвандон бо тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мекунанд, яъне ӯ ба маънии пуррааш вакили олии халқ аст. Вакилони парламентро низ халқ тавассути овоздиҳии умумихалқӣ интихоб менамояд.
Раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ифодаи олии ҳокимияти бевоситаи халқ аст.
Бояд қайд кард, ки соҳибихтиёрии халқ бо соҳибихтиёрии миллӣ ва соҳибихтиёрии давлатӣ алоқаманд буда, якдигарро пурра мекунанд ва дар якҷоягӣ таҷассуми ҳақиқии худро меёбанд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш чунин иброз намуда буданд, “Конститутсияи кишвар, ки таҷассумгари орзуву ормони озодандешӣ ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми мо мебошад, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт”.
Имрӯз зарур аст, ки ҳар як фарди бедордили ҷомеа аз арзиши воло доштани ин санади баландэътибори ҳуқуқӣ воқиф гардад ва пайи иҷрои ҳар як меъёри Конститутсия пайваста ҷаҳду талош намояд. Зеро танҳо бо ҳифзи арзишҳои муқаддаси давлати худ, ки бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии мардони шуҷоу далери кишвари азизамон ба даст омадааст, мо метавонем соҳибихтиёрии комили давлатро нигоҳ доша, ба қуллаҳои баланди мурод бирасем.
Маҳкамзода Рустам,
Нотариуси давлатии Идораи нотариалии давлатии ш.Конибодом