Имрӯз, 16-уми сентябри соли равон дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён бо вакилони Парламенти Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонунро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар умум вохӯрии мазкур дар фазои дӯстона баргузор гардид.