Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,Муовини вазири адлия Асадулло Ҳакимзода ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ баргузор гардид.
Зимни чорабинии тантанавӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Президенти мамлакат сокинон ва фаъолони ноҳияи Хуросонро бо ҷашни миллӣ, Истиқлоли давлатӣ ва шукуфоии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба ҳамаи сокинон муваффақиятҳои беназир дар самти пешравию ободӣ ва рушду нумуи ноҳия таманно намуд.
У изҳор дошт, ки "расидан ба истиқлолияти давлатӣ аз дастовардҳои бузург ва арзанда ба ҳисоб рафта, бузургтарин неъмати миллати тоҷик дар тамоми давраҳо мебошад.
Тоҷикистон танҳо тавассути Истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардид, ки қарнҳои дароз орзуву омоли миллат маҳсуб мешуданд. Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкон фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллату давлатро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем".
Зимни сафари намояндаи Ҳукумат ба ноҳияи Хуросон як нафар сокини ноҳия, омӯзгори Муассисаи таълимии миёнаи умумии ин ноҳия бо Медали хизмати шоиста сарфароз гардонида шуд.
Ҳамзамон зимни боздиди мазкур бо иштироки Намояндаи Ҳукумати мамлакат як қатор иншоотҳои аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангию фароғатидошта дар ноҳияи Хуросон мавриди истифода қарор дода шуд