Дар нимсолаи якуми соли 2025-ум фаъолияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар партави сиёсат, дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, тамоми чораҳо баҳри таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷавобгўй ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон андешида шуд.
Ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он 19 033 (нимсолаи якуми соли 2024-ум 22 642) мавод вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 3609 мавод ё 16% кам аст.
Ба Вазорати адлия дар самти қонунгузорӣ 2380 (нимсолаи якуми соли 2024-ум 2404) мавод ворид шуд. Ҳамзамон дар самти баррасии санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутахассисони Вазорат 1195 (нимсолаи якуми соли 2024-ум 1243) маводро мавриди баррасӣ қарор дода, нисбати онҳо хулосаҳои дахлдор пешниҳод намуданд.
Ҳамаи маводди воридшуда мавриди санҷиши ҳуқуқӣ қарор гирифта, дар самти мутобиқгардонӣ ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои ҷумҳурӣ хулосаҳои дахлдор дода шуд.
Вазорат ҷиҳати мутобиқнамоӣ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо ва бо мақсади бартараф намудани ихтилофу норасоиҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ 3 лоиҳаи қонун ва 5 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд.
Дар самти санҷиш, баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар нимсолаи якуми соли 2025-ум ҳамагӣ 780 (нимсолаи якуми соли 2024-ум 877) мавод ворид шуд, ки аз онҳо 574
(нимсолаи якуми соли 2024-ум 643) санади ҳуқуқӣ барои баҳисобгирии давлатӣ, 69 (нимсолаи якуми соли 2024-ум 56) санад барои санҷиш ва бақайдгирии давлатӣ, 10 (нимсолаи якуми соли 2024-ум 9) муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, 27 (нимсолаи якуми соли 2024-ум 41) супориши Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 19 (нимсолаи якуми соли 2024-ум 53) мавод барои иҷро ва 81 (нимсолаи якуми соли 2024-ум 75) мавод барои маълумотро ташкил менамояд.
Дар давраи ҳисоботӣ 574 (нимсолаи якуми соли 2024-ум 643) санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 65 (нимсолаи якуми соли 2024-ум 67) қонуни конститутсионӣ ва қонун, 145 (нимсолаи якуми соли 2024-ум 151) фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 345 (нимсолаи якуми соли 2024-ум 397) қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 19 (нимсолаи якуми соли 2024-ум 28) қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баҳисобгирии давлатӣ ворид гардид, ки аксарияти онҳо мутобиқи Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурўҳбандӣ ва ба онҳо варақаҳои баҳисобгирӣ тартиб дода шуда, ба махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии «Адлия» ва Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар шакли коѓазӣ ва электронӣ) дохил карда шуд.
Аз 69 (нимсолаи якуми соли 2024-ум 56) санади барои санҷиш ва бақайдгирии давлатӣ воридгардида 42 (нимсолаи якуми соли 2024-ум 32) санад ба қайд гирифта шуда, бақайдгирии 21 (нимсолаи якуми соли 2024-ум 12) санад бинобар ба қонунгузории амалкунанда мухолифат доштан рад карда шуда, 6 санади боқимонда мавриди баррасӣ қарор дорад.
Аз шумораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидошта дар 13 санад омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор шуда, дар 41 санад омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор нагардид, 5 санад дар баррасӣ қарор дорад.
Аз тарафи кормандони Вазорати адлия ва сохторҳои зертобеи он дар ташкилотҳо дар маҷмуъ дар нимсолаи якуми соли 2025-ум 6964 кори тарѓибу ташвиқ гузаронида шуд, аз ҷумла 5392 вохӯрию суҳбат, тавассути телевизион ва радио 1074 баромаду суҳбат гузаронида, дар рўзномаҳои ҷумҳуриявӣ 498 мақола ба нашр расид.
Дар самти робитаҳои байналмилалӣ дар нимсолаи якуми соли 2025-ум ба Вазорати адлия 2354 (нимсолаи якуми соли 2024-ум 3149) муроҷиат аз хориҷи кишвар ворид гардида, ҳалу фасл шуданд.
Дар самти бақайдгирии ташкилотҳои адвокатӣ дар нимсолаи якуми соли 2025-ум дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» дар шаҳри Душанбе 8 кабинети адвокатӣ, вилояти Суѓд 7 кабинети адвокатӣ, вилояти Хатлон 1 кабинети адвокатӣ ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2 кабинети адвокатӣ ба қайд гирифта шуд. Инчунин 44 довталаб мақоми адвокатро соҳиб гардиданд.
Идораҳои нотариалии давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2025-ум 359 364 (дар нимсолаи якуми соли 2024-ум 354 080) амалиёти нотариалӣ гузарониданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5284 амалиёти нотариалӣ ё 1% зиёд мебошад.
Дар самти бақайдгирии ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар давраи ҳисоботӣ 138 (нимсолаи якуми соли 2024-ум 158) ариза дар бораи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳо ва барҳамдиҳӣ ворид гардид.
Вазорат дар ин давра 29 (нимсолаи якуми соли 2024-ум 20) аризаи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро бо сабаби мухолифат доштан ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риоя накардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» рад намуд.
Дар ин муддат фаъолияти оинномавии 14 (нимсолаи якуми соли 2024-ум 7) иттиҳодияи ҷамъиятӣ санҷида шуд
Дар давраи ҳисоботӣ ба Вазорат 1 098 (нимсолаи якуми соли 2024-ум 1 119) иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва 6 ҳизби сиёсӣ дар бораи идомаи фаъолияти худ бо нишон додани маҳалли ҷойгиршавии мақоми доимоамалкунандаи роҳбарикунанда ҳисобот пешниҳод намуданд.
Дар нимсолаи якуми соли 2025-ум 802 огоҳиномаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ вобаста ба қабул намудани грантҳо ва кумак аз созмонҳои давлатҳои хориҷӣ ба Вазорат пешниҳод гардид.
Аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар давраи ҳисоботӣ 231 158 (нимсолаи якуми соли 2024-ум 220 157) санад ба қайд гирифта шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 11 001 ё 5% зиёд мебошад.
Ба шуъбаи апостилгузорӣ ба ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ ва бақайдгирии давлатии уҳдадориҳои таъминшуда дар нимсолаи якуми соли 2025-ум 85 (нимсолаи якуми соли 2024-ум 97) аризаи шахсони воқеӣ ҷиҳати таъйиди 145 (дар соли 2024-ум 158) ҳуҷҷати расмӣ пешниҳод гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ ба Вазорат 2015 (нимсолаи якуми соли 2024-ум 1606) ариза барои гузоштани апостил пешниҳод гардида, ба 3271 ҳуҷҷат (нимсолаи якуми соли 2024-ум 2552) апостил гузошта шуд.
Дар нимсолаи якуми соли 2025-ум ба феҳристи ягонаи давлатии уҳдадориҳои гаравӣ 897 (нимсолаи якуми соли 2024-ум 137) огоҳиномаи гаравии молу мулки манқул аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба қайд гирифта шуд.
Дар самти баланд бардоштани савияи ҳуқуқӣ ва омодагии касбии мутахассисони Вазорати адлия ва сохторҳои он, инчунин хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ дар давраи ҳисоботӣ 10 курси такмили ихтисос бо ҷалби 186 корманди дастгоҳи марказии Вазорат, шуъба ва бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, нотариусони давлатии идораҳои нотариалии давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ ва бойгонидорони корхона, муассиса ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе, 1 мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Модар дар мавзуи «Модар пайвандгари наслҳо», 56 баромади телевизионӣ, 41 мақолаи илмӣ ва оммавӣ, 105 вохўрӣ бо ҷалби 4900 нафар вобаста ба шарҳи қонунгузории соҳаи интихобот дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Лахш, Сангвор, Файзобод, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Норак, Роғун ва Ёвони вилояти Хатлон ташкил ва гузаронида шуд.
Дар нимсолаи якуми соли 2025-ум барои гузаронидани экспертизаи судӣ ва криминалистӣ аз тарафи мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ, суд, прокуратура, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 3398 (нимсолаи якуми соли 2024-ум 3890) мавод ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 492 мавод кам аст.
Дар самти расонидани ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа дар нимсолаи якуми соли 2025-ум ҳуқуқшиносони давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба 5803 нафар шаҳрванд машварати ҳуқуқӣ расониданд. Аз ин шумора 170 нафар шахсони дорои маъюбият, аз лиҳози тақсимоти ҷинсӣ бошад, 3730 (64%) нафар занҳо ва 2073 (36%) нафар мардҳоро ташкил медиҳанд.
Дар маҷмуъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 63 ҳуқуқшиноси давлатӣ фаъолият дорад.
Ба маркази ҳамоҳангсозии Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» дар нимсолаи якуми соли 2025-ум ҳамагӣ 259 дархост оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ба барномаи худкори итилоотии «Адвокат» ворид гардид, ки аз ин шумора 239 (92,2%) нафар мард ва 20 (7,8%) нафар зан мебошанд. Аз шумораи умумии дархостҳо 44 нафар ноболиғ ва 8 нафар шахсони дорои маъюбият мебошанд
Дар давраи ҳисоботӣ ба Вазорат 4669 (нимсолаи якуми соли 2024-ум 5766) муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардид, ки ба ҳамаи онҳо дар муҳлатҳои муқарраргардида ҷавобҳои дахлдор дода шуд.
Аз шумораи умумии муроҷиатҳо 51 (нимсолаи якуми соли 2024-ум 37) муроҷиати хаттии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тавассути Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 340 (нимсолаи якуми соли 2024-ум 302) муроҷиати хаттии шахсони воқеӣ, 170 (нимсолаи якуми соли 2024-ум 145) муроҷиати хаттии шахсони ҳуқуқӣ, 1556 (нимсолаи якуми соли 2024-ум 1661) огоҳиномаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ, 24 (нимсолаи якуми соли 2024-ум 21) муроҷиати электронӣ, 2354 (нимсолаи якуми соли 2024-ум 3149) муроҷиати шаҳрвандон аз хориҷи кишвар, 75 (нимсолаи якуми соли 2024-ум 362) ҳуҷҷат оид ба гирифтани нусха ё дубликати амалиётҳои нотариалӣ, 99 (нимсолаи якуми соли 2024-ум 89) ҳуҷҷат оид ба бақайдгирӣ ё барҳамдиҳии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ мебошад.
Дар нимсолаи якуми соли 2025-ум дар рўзҳои қабул аз ҷониби роҳбарияти Вазорат 99 шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ қабул карда шуд.
Ҳамзамон тавассути хатти телефони ройгони 30-40-и назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 46 (нимсолаи якуми соли 2024-ум 58) шаҳрванд оид ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ муроҷиат намуда, ба онҳо машварати ҳуқуқӣ дода шуд.
Дар айни ҳол Вазорат дар амалисозии барномаҳои давлатӣ, стратегия ва консепсияҳои зерин пайваста фаъолият дорад.
2. Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-уми июли соли 2015-ум, №425 тасдиқ шудааст
5. Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон барои солҳои 2023-2027, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2023-юм, №310 тасдиқ шудааст