Истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ яке аз масъалаҳои доғи рӯз дар соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Ин амал на танҳо ба иқтисодиёти давлат зарар мерасонад, балки боиси вайрон гардидани танзими ҳуқуқӣ ва иҷтимоии таъмини барқ мегардад. Дар шароити имрӯза, ки кишвар барои рушди устувори энергетика, истифодаи оқилонаи захираҳои энергетикӣ ва амнияти энергетикӣ талош дорад, назорат ва ҷавобгарии қатъӣ нисбат ба истифодаи ғайриқонунии барқ аҳаммияти калон пайдо намудааст.
Дар шарҳи мафҳумии ҳуқуқӣ, истифодаи ғайриқонунии барқ метавонад шаклҳои гуногун дошта бошад: пайвастшавӣ ба шабакаи барқӣ бе иҷозат, тағйир додани ҳисобкунакҳо, тағйир додани реҷаи истифодаи барқ ва дигар амалҳое, ки бо мақсади пардохт накардан ё кам пардохтани маблағи ҳаққи нерӯи барқ анҷом дода мешаванд. Ин гуна амалҳо боиси вайрон гардидани тартиботи муқарраркардаи шартномавӣ байни истеъмолкунанда ва таъминкунандаи нерӯи барқ мегарданд.
Қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чунин амалҳо ҷавобгарии ҳуқуқиро пешбинӣ кардааст.
Дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 382 чунин пешбинӣ шудааст:
«Барқпайвастшавӣ, истифодаи барқ бидуни шартнома бо ташкилоти таъминкунанда, дасткорӣ кардан дар ҳисобкунакҳо ва дигар таҷҳизоти ҳисобкунии барқ, инчунин истифодаи нерӯи барқ тариқи нақзи тартиботи муқарраршуда бо ҷаримаи маъмурӣ муҷозот мешавад».
Дар сурати расонидани зарари калон ё такроран содир кардани чунин кирдор, ҷавобгарии ҷиноятӣ низ мумкин аст. Моддаи 2531-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расонидани зарар ба моликияти энергетикӣ ва истифодаи ғайриқонунии шабакаҳо бахшида шудааст.
Дар ин модда таъкид мешавад, ки амалҳое, ки боиси зарари моддӣ ба шабакаҳои барқӣ ё истифодабарандагони қонунӣ гардидаанд, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол муҷозот доранд. Ҷавобгарии ҳуқуқӣ дар ин замина на танҳо хусусияти ҷазодиҳӣ дорад, балки вазифаи тарбиявию пешгирикунанда низ иҷро мекунад.
Мақсади асосии татбиқи ин навъи ҷавобгарӣ пешгирии содиршавии амалҳои ғайриқонунӣ ва ташвиқи шаҳрвандон ба риояи шартномаҳо, пардохти ҳаққи барқ ва сарфаи оқилонаи он мебошад.
Бо вуҷуди ин, мушкилоти истифодаи ғайриқонунии барқ асосан ба ду сабаб вобаста аст: аввал, сатҳи пасти маърифати ҳуқуқии баъзе шаҳрвандон, ки ҷиддият ва оқибатҳои ҳуқуқии чунин амалҳоро дарк намекунанд; ва дуввум, шароити иҷтимоиву иқтисодии баъзе минтақаҳо, ки имконияти пардохти барқро маҳдуд мекунад. Аз ин рӯ, яке аз роҳҳои муассири мубориза бо чунин ҳолатҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мебошад.
Дар баробари татбиқи ҷавобгарӣ, мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Вазорати энергетика ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд бо иштироки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, барномаҳои омӯзишӣ ва маърифативу иттилоотӣ ба роҳ монанд.
Илова бар ин, бояд фаъолияти назорати техникӣ ва мониторинги шабакаҳои барқӣ муосир гардонида шавад.
Ба шабакаҳои барқӣ васл кардани ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ, мониторинги рақамии истеъмоли барқ ва таҳкими назорати автоматикӣ яке аз роҳҳои муҳим ва самарабахш ба шумор меравад.
Дар амалия ҳолатҳои зиёде ба қайд гирифта шудаанд, ки шаҳрвандон бо роҳҳои сунъӣ тағйир додани ҳисобкунакҳоро иҷро мекунанд ё бе иҷозат аз хати умумӣ барқ мегиранд. Масалан, соли 2023 аз ҷониби «Шабакаҳои барқи шаҳрии Душанбе» беш аз 370 ҳолати истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ошкор гардида, дар натиҷа зиёда аз 700 ҳазор сомонӣ зарари иқтисодӣ ҳисоб карда шудааст.
Дар натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда, ба шахсони гунаҳкор ҷаримаҳои маъмурӣ ва иловатан талаботи пардохти зарар татбиқ карда шудааст.
Дар робита ба ин, талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 42 махсус таъкид мекунад, ки: «Ҳар шахс уҳдадор аст ба талаботи қонунҳо риоя намояд ва ба манфиати ҷамъият ва давлат зарар нарасонад». Истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ, ки боиси зиён ба давлат, ширкатҳои таъминотӣ ва шаҳрвандони дигар мегардад, нақзи бевоситаи ин меъёр мебошад.