Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим дар сиёсати энергетикии кишвар на танҳо таъминоти устувори нерӯи барқ, балки фарҳанги дурусти истифодаи он мебошад. Дар шароити камчинии захираҳо ва афзоиши талаботи аҳолӣ, баланд бардоштани маърифати энергетикӣ ба як унсури муҳими рушди устувор табдил ёфтааст.
Фарҳанги истифодаи нерӯи барқ маҷмӯи донишҳо, одатҳо ва муносибати шаҳрвандон нисбат ба истифодаи сарфакорона ва мақсадноки энергия мебошад. Ин фарҳанг дар сатҳи шахсӣ, хонаводагӣ, муассисавӣ ва давлатӣ аҳамияти муҳим дорад. Маърифат ва эҳтиром ба ин манбаи арзишманд метавонад ба коҳиши талафот, сарфаи маблағ ва ҳифзи муҳити зист мусоидат намояд.
Оид ба истифодаи барқ дар ҷомеа чанде аз мушкилот ҷой дорад. Аз ҷумла:
1. Истифодаи беасоси барқ: Қисме аз аҳолӣ ҳанӯз ҳам барқро бе ҳадаф ва бе назорат истифода мебарад, хусусан дар фасли зимистон.
2. Камбуди маърифат: Дар ҷомеа сатҳи пасти иттилоотнокӣ дар бораи оқибатҳои истифодаи беш аз ҳад вуҷуд дорад.
3. Фаъолияти номукаммали ҳисобкунакҳо: Дастгоҳҳои кӯҳна ва набудани ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ (smart meters) монеа эҷод мекунад.
4. Дуздии барқ: Ҳанӯз дар баъзе маҳалҳо истифодаи ғайриқонунии барқ мушоҳида мешавад, ки нишонаи заъфи фарҳанги риояи қонун мебошад.
Моро зарур аст, ки чанде аз чораҳоро барои беҳсозии ҳолати мазкур амалӣ намоем:
1. Баланд бардоштани маърифат ва тарбияи энергетикӣ
Омӯзиши фарҳанги сарфаи барқ бояд аз синфҳои поёнии мактаб оғоз гардад. Баргузории семинарҳо, шабакаҳои телевизионӣ ва барномаҳои иҷтимоӣ низ метавонанд дар ин самт таъсиргузор бошанд.
2. Ташаккули масъулияти иҷтимоӣ.
таълим додани шаҳрвандон ба масъулият нисбат ба захираҳои миллӣ бояд як қисми сиёсати давлатӣ гардад.
3. Татбиқи технологияҳои рақамӣ ва ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ.
Бо гузариш ба ҳисобкунакҳои нав, истеъмолкунанда метавонад ҳар лаҳза масрафи худро назорат ва танзим намояд.
4. Тарғиби манзилҳои “сабз” ва истифодаи дастгоҳҳои каммасраф. Истифодаи чароғҳои каммасраф, дастгоҳҳои барқии сарфакор ва саноати "energy efficient" бояд ташвиқ карда шавад.
Фарҳанги истифодаи нерӯи барқ танҳо масъалаи истеъмол нест — он ҷузъи фарҳанги шаҳрвандӣ ва як унсури муҳими рушди устувори ҷомеа мебошад. Танҳо бо роҳи баланд бардоштани маърифат, ҳамоҳангии сиёсати давлатӣ ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандон метавон ба истиқлолияти воқеии энергетикӣ ва ҳифзи муҳити зист ноил гашт.
Абдуллозода Ҳасан,
нотариуси давлатии Идораи нотариалии
давлатии ноҳияи Фархори вилояти Хатлон