5 октябри 2026
Имрӯз бо иштироки муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Ҳакимзода, намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ ва ҳайати кормандони Вазорати адлия вохӯрӣ бо мақсади фаҳмонидани меъёрҳои қонунгузорӣ, пешгирӣ ва бартараф кардани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ баланд бардоштани маърифату дониши ҳуқуқии кормандон, амалӣ намудани барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва ба ин васила ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбат ба коҳиш додани ин зуҳуроти номатлуб арзёбӣ гардид.
Зимни вохӯрӣ ба ҳозирин муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», роҳу усулҳои муосири пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва мазмуну моҳияти барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ фаҳмонида шуда, даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб якдилона сайъу кӯшиш намоем.
Гуфта шуд, ки дар тамоми давраи рушди тамаддуни башарӣ коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа гардида, суботу оромиро халалдор ва боварии мардумро ба мақомоти давлатӣ коста менамояд.
Таъкид карда шуд, ки мубориза бар зидди коррупсия кори дастҷамъона буда, мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар фарди ҷомеа метавонад садди роҳи коррупсия гардад.
Иттилоъ дода шуд, ки мубориза бар зидди коррупсия дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои асосӣ буда, муқовимат ва пешгирии омилҳои ба он мусоидаткунанда сол ба сол ҷиддитар мешавад. Аз ҷумла, соли 1999 ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия», инчунин қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» дар соли 2005, кодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз номгӯи зиёди он чорабиниҳо мебошанд, ки барои ташаккули заминаҳои ҳуқуқию сохторӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт асос гардидаанд.