Бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити корӣ ва қитъаҳои таҷрибавӣ, кормандони Институти зироаткорӣ дар шанбегии навбатӣ фаъолона иштирок намуданд. Зимни шанбегӣ корҳои ободонӣ, тоза намудани гирду атроф, нигоҳубини қитъаҳои таҷрибавӣ ва ба тартиб даровардани муҳити институт анҷом дода шуданд.
Иштироки фаъолонаи кормандон дар чунин тадбирҳо нишонаи масъулиятшиносӣ ва саҳмгузорӣ дар ҳифзи муҳити тозаву озода буда, барои беҳтар намудани шароити фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ мусоидат менамояд.