Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушд ва ҳимояи рақобат, танзими фаъолияти инҳисороти табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ, корҳои муайянеро ба анҷом расонида истодааст.
Ҷиҳати самарабахш фаъолият намудани бозорҳои мол тибқи «Тартиби ташаккул ва пешбурди Феҳристи субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозорҳои мол мавқеи ҳукмфармоиро доро мебошанд» ва «Қоидаҳои муайян намудани мавқеи ҳукмфармоии субъекти хоҷагидор», ки бо фармоишҳои Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 1 марти соли 2018, №27 «а» ва №28 «а» тасдиқ ва дар феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон №922 ва №923 аз 14 ва 28 марти соли 2018 ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, Феҳристи субъектҳои хоҷагидор, ки дар бозорҳои моли муайян мавқеи ҳукмфармоиро доро мебошанд таҳия ва бо фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 1 майи соли 2026, №01-4.1/70 тасдиқ карда шуд.
Тибқи феҳристи болозикр 105 адад субъекти хоҷагидор аз рӯйи истеҳсол, коркард ва воридоти молу маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ ва аз рӯйи кору хизматрасонӣ ба Феҳристи субъектҳои хоҷагидори дар сатҳи ҷумҳуриявӣ мавқеи ҳукмфармоидошта ворид карда шудаанд.
Боиси зикр аст, ки фаъолияти субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори моли муайян мавқеи ҳукмфармоиро доро мебошанд, мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» таҳти назорат ва танзим қарор дода мешаванд.
Бо мақсади ташаккулдиҳии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи рақобат” ва мутобиқсозии он ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва бартараф намудани номукаммалӣ дар самти шаффофияти ошкор намудани далелҳои созиш ва аҳдҳои зиддирақобатии субъектҳои хоҷагидор дар бозори моли муайян, инчунин ташаккули заминаи мусоидаткунандаи ҳуқуқӣ дар ҳамкорӣ бо машваратчиёни Бонки Умумиҷаҳонӣ бо инобати таҷрибаи пешқадами кишварҳои хориҷӣ, Қонуни мазкур дар таҳрири нав таҳия гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Дар баробари ин, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои пешбурди сиёсати зиддиинҳисорӣ дар нақшаи чорабиниҳои асосии Созмони Ҳамкории Шанхай инъикос гардида, тибқи нақшаи чорабиниҳои созмони мазкур ва дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти зиддиинҳисорӣ баргузории ҷаласаи роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхайро санаҳои 17-18 сентябри соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, ки барои ҳамкории минбаъдаи мақомотҳои зиддиинҳисории давлатҳои аъзо ва омузиши таҷрибаи якдигар мусоидат менамояд.
Дар заминаи амалӣ намудани ҳамкориҳо байни давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай 12 майи соли 2026 дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафаҳум миёни Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи давлатӣ оид ба танзими бозори Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расонида шуд.
Дар ин давра, бо мақсади пешгирӣ ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ, рақобати бевиҷдонона ва ба роҳ мондани рушди рақобати солим дар заминаи пешниҳоди субъектҳои хоҷагидор нархномаи хизматрасонии бархе аз субъектҳои мазкур, аз ҷумла, маҳсулоти ширӣ, ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон ва хизматрасонии алоқаи мобилӣ аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ баррасӣ ва ба мувофиқа расонида шудааст.
Ҳамзамон, аз ҷониби Хадамот 209 адад нархномаи хизматрасониҳои пулакии муассисаву ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, аз ҷумла муассисаҳои тиббӣ 13 адад ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва муассисаҳои илмӣ 103 адад ва 80 адад нархномаи хизматрасониҳои пулакӣ дар дигар соҳаҳо мавриди таҳлил ва ба мувофиқа расонида шудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ, тибқи дархости Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Барқи тоҷик” дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ва дар асоси супориши дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи зарурӣ гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистон нархи ангишт барои Маркази барқу гармидиҳии-2 дар шаҳри Душанбе дар давраи зимистони солҳои 2026-2027 бетағйир гузошта мешавад.
Дар давраи ҳисоботӣ тибқи дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ба танзим даровардани нархи фурӯши семент баён гардид, аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, мониторинги вазъи бозор дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуд.
Дар ин замина ва бо назардошти андешидани чораҳои фаврӣ нархи семент дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба танзим дароварда шуда, зери назорати доимӣ қарор дорад.
Самти танзими субъектҳои инҳисороти табиӣ ва соҳаи обтаъминкунӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи инҳисороти табиӣ” амалӣ карда мешавад.
Вобаста ба такмили қонунгузорӣ дар ин самт дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи инҳисороти табиӣ” ва “Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” таҳия ва дар баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд.
Инчунин, дар ин давра лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Методологияи ҳисоби тарифҳои неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия шуда, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор тибқи тартиби муқарраргардида ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Методологияи мазкур дар таҳрири нав таҳия гардида, мақсади асосии методологияи мазкур ин муқаррар намудани тартиби шаффофи ҳисоби тарифҳои неруи барқ дар бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни сохторҳои (субъектҳои) хизматрасон дар таъмини неруи барқ ва истифодабарандагони ниҳоӣ, ба ҳисоб меравад.
Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии дар заминаи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018, №287 «Дар бораи Номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд», мониторинги 20 номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ заруриро дар бозори беруна ва дохили кишвар гузаронида, тағйирёбии нархи онҳоро ҳамарӯза таҳлил ва арзёбӣ менамояд.
Аксари номгӯйи мазкур ё ин ки ашёи хом барои истеҳсоли онҳо аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад, ки ба болоравии нархи онҳо дар бозори кишвар оварда мерасонад.
Дар ин давра, аз рӯйи 141 санҷиши гузаронидашудаи нақшавӣ дар натиҷаи вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ маблағи 1,7 млн сомонӣ ошкор гардидааст. Аз миқдори маблағи зикршуда 1,3 млн сомонӣ ё 77,0 фоиз ба буҷети давлатӣ гузаронида шудааст.
Маълумоти мухтасар оид ба бозорҳои мол дар нимсолаи аввали соли 2026 чунин аст.
Бозори воридоти гандум:
Дар давоми моҳҳои январ – июни соли 2026 ба ҷумҳурӣ 660,8 ҳазор тонна гандум ба маблағи 171,5 млн доллар бо нархи миёнаи 259 доллар (25 доллар нисбати ҳамин давраи соли 2025 афзоиш ёфтааст) барои 1 тонна ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, воридоти он 47,5 ҳазор тонна ё маблағи 27,9 млн доллар ё 7,7 фоиз афзоиш ёфтааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар ин давра бозори воридоти гандум рақобатпазир буда, иштирокчиёни бозори молӣ 60 субъекти хоҷагидорро ташкил медиҳанд.
Бозори воридоти орд:
Мувофиқи маълумоти омори гумрукӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2026 ба ҳудуди гумрукии ҷумҳурӣ 35,4 ҳазор тонна орд ба маблағи 11,3 млн доллар бо нархи миёнаи 320 доллар барои 1 тонна ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта воридоти он 11,0 ҳазор тонна ва ё 45,2 фоиз афзоиш ёфтааст.
Иштирокчиёни бозори воридоти орд 19 субъекти хоҷагидорро ташкил медиҳанд.
Воридкунандагони асосии маҳсулоти мазкур ҶДММ “Сахад” (34,8%), ҶДММ “Таҷ Тур” (35,5%), Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (11,7%) ва дигар субъектони хоҷагидор (18,1%) ба ҳисоб мераванд.
Дар баробари ин, мувофиқи маълумоти оморӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2026 дар ҷумҳурӣ ба миқдори 399,4 ҳазор тонна орд (ба маблағи 1 141,0 млн сомонӣ) истеҳсол карда шудааст, ки ҳаҷми истеҳсоли он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 95,8 ҳазор тонна ё 31,6 фоиз афзоиш ёфтааст.
Бозори воридоти шакар:
Тибқи маълумоти омори гумрукӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2026 ба ҷумҳурӣ 80,8 ҳазор тонна шакар ба маблағи 53,9 млн доллар бо нархи миёнаи 667 доллар (38 доллар нисбати ҳамин давраи соли 2025 афзоиш ёфтааст) барои 1 тонна ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта воридоти он ба миқдори 12,2 ҳазор тонна ва ё 15,1 фоиз коҳиш ёфтааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин давра бозори воридоти шакар рақобатпазир буда, иштирокчиёни бозори молӣ 63 субъекти хоҷагидорро ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19 субъекти хоҷагидор зиёд мебошад.
Мувофиқи маълумоти омори гумрукӣ арзиши миёнаи 1 тонна шакари воридотӣ аз Федератсияи Россия 711 доллар, аз Ҷумҳурии Беларус 975 доллар ва аз Ҷумҳурии Ҳиндустон 556 долларро ташкил медиҳад.
Воридкунандагони асосии маҳсулоти мазкур КВД “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе” (23,7%), ҶСП “Оби Зулол” (13,1%), ҶДММ “Таҷ Тур” (11,8%), Фабрикаи қаннодии “Амирӣ” (3,1%), ҶДММ “Овин” (2,2%) ва дигар субъектҳои хоҷагидор (46,2%) ба ҳисоб мераванд.
Бозори воридоти равғани растанӣ:
Мувофиқи маълумоти омори гумрукӣ иштирокчиёни бозори воридоти равғани растанӣ 83 субъекти хоҷагидорро ташкил дода, аз ҷониби онҳо дар моҳҳои январ – июни соли 2026 ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон 63,3 ҳазор тонна равғани растанӣ ба маблағи 71,4 млн доллар бо нархи миёнаи 1 127 доллар барои 1 тонна ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,7 ҳазор тонна ё 11,9 фоиз афзоиш ёфтааст.
Воридкунандагони асосии маҳсулоти мазкур ҶДММ “Анко Инвест” (6,9%), ҶДММ “Таджеро” (6,4%), ҶДММ “Манучеҳр Хуҷаев” (5,3%), ҶДММ “Раҳмонҷон сармоя” (8,4%), ҶДММ “Сафо 2013” (6,8%), КФ “Парандаи дараи Ромит” (6,4%) ва дигар субъектони хоҷагидор (59,8%) ба ҳисоб мераванд.
Аз ҳаҷми умумии равғани воридгардида 79,3% ба Ҷумҳурии Қазоқистон, 14,0% ба Федератсияи Россия ва 6,7% фоизи боқимонда ба дигар давлатҳо рост меояд.
Бозори истеҳсоли тухм:
Дар моҳҳои январ – июни соли 2026 дар ҷумҳурӣ 691,1 млн дона тухм аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонию ҷамъиятӣ ва аҳолӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,8 млн дона ё 3,3 фоиз зиёд мебошад.
Дар моҳҳои январ – июни соли 2026 ба ҷумҳурӣ 26,3 млн дона тухм аз ҷониби 18 субъекти хоҷагидор ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,4 млн дона ё 1,2 баробар афзоиш ёфтааст.
Бозори гушти мурғ:
Мувофиқи маълумоти омори гумрукӣ дар моҳҳои январ –июни соли 2026 ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 995,6 тонна гӯшти мурғ ба маблағи 31,3 млн доллар бо нархи миёнаи 3 921 доллар барои 1 тонна ворид карда шудааст. Ҳаҷми воридот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 141,6 тонна ё 64,7 фоиз афзоиш ёфтааст.
Аз ҳаҷми умумии гӯшти мурғи воридгардида 58,2% ба Федератсияи Россия, 14,6% ба Ҷумҳурии Украина, 4,0% ба Ҷумҳурии Узбекистон, 8,1% ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва 14,2% ба дигар давлатҳо рост меоянд.
Бозори доруворӣ:
Мувофиқи маълумоти омори гумрукӣ дар давраи ҳисоботии моҳҳои январ – июни соли 2026 ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 587,8 тонна маводи доруворӣ ба маблағи 52,8 млн доллари ИМА бо нархи миёнаи 6 145,0 доллари ИМА барои 1 тонна ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 620,7 тонна ё 7,9 фоиз афзоиш ёфтааст.
Аз ҳаҷми умумии маводи дорувории воридшуда, ба кишварҳои хориҷи дур 6 368,4 тонна ё 74,2 фоиз ва кишварҳои хориҷи наздик 2 219,3 тонна ё 25,8 фоиз рост меояд.
Иштирокчиёни бозори воридоти маводи доруворӣ 58 субъекти хоҷагидорро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ аз 64 давлатҳои хориҷи дуру наздик ба ҷумҳурӣ маводи доруворӣ ворид карда шуда, таҳвилгарони асосии маҳсулоти мазкур Ҷумҳурии Ҳиндустон (35,0 %), Федератсияи Россия (16,0), Ҷумҳурии мардумии Чин (11,1,%), Ҷумҳурии Литва (9,7%) ва Ҷумҳурии Узбекистон (5,8) мебошанд.
Инчунин, дар ин давра, аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродӣ дар дохили кишвар ба миқдори 13,7 млн. дона маҳсулоти доруворӣ ба маблағи 19,0 млн. сомонӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,9 млн. дона ё 56,0 фоиз зиёд мебошад.
Бозори маҳсулоти нафтӣ:
Мувофиқи маълумоти гумрукӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2026 ба ҷумҳурӣ 599,5 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 494,7 млн доллар бо нархи миёнаи 825 доллар ворид гардидааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта 35,9 ҳазор тонна зиёд буда, нархи миёнаи воридотии он нисбат ба моҳҳои январ-июни соли гузашта 38,0 доллар ё ба андозаи 4,8 фоиз афзоиш ёфтааст.
Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ асосан аз Федератсияи Россия 91,1 фоиз, Ҷумҳурии Белорус 2,8 фоиз, Ҷумҳурии Туркманистон 1,9 фоиз, Ҷумҳурии Қазоқистон 1,0 фоиз, Ҷумҳурии Ӯзбекистон 0,9 фоиз, Ҷумҳурии Қирғизистон 0,9 фоиз ва боқимонда 1,5 фоиз ба дигар давлатҳои хориҷи дур рост меояд.
Сузишвории дизелӣ:
Аз ҷониби беш аз 30 субъекти хоҷагидор дар моҳҳои январ-июни соли 2026 ба ҷумҳурӣ 300,2 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ба маблағи 236,8 млн доллар бо нархи миёнаи 789 доллар ворид намудаанд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта 35,4 ҳазор тонна зиёд ва нархи миёнаи воридотии он нисбат ба моҳҳои январ-июни соли гузашта 32,0 доллар ё ба андозаи 4,2 фоиз боло рафтааст.
Воридкунандагони асососӣ дар ин бозор ҶДММ “Газпромнефт Тоҷикистон” бо ҳиссаи 45,4 фоиз, АЗМД назди ҲҶТ 6,1 фоиз, ҶДММ “Эмом импорт экспорт” 5,8 фоиз, ҶДММ “Сеганҷ” 4,7 фоиз, ҶДММ “Темур ойл” 4,5 фоиз, ҶДММ “Таҷ Тур” 2,9 фоиз, ҶСК “Ширкати таъминоти сӯзишворӣ” 2,8 фоиз, ҶДММ “Мабдаи Нур” 2,3 фоиз,ҶДММ “Поиметал” 2,2 фоиз, ҶДММ “Соро компаниян” 2,1 фоиз ва дигар субъектҳо бо ҳиссаи 21,1 фоиз баҳисоб мераванд.
Бозори бензин:
Воридкунандагони бензин дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 8 субъекти хоҷагидорро ташкил намуда, онҳо ба ҷумҳурӣ 243,2 ҳазор тонна бензин ба маблағи 196,2 млн доллар бо нархи миёнаи 807 доллар ворид намудаанд, ки воридот нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,8 ҳазор тонна зиёд буда, нархи миёнаи воридотии он 61,0 доллар ё ин ки 8,2 фоиз афзоиш ёфтааст.
Воридкунандагони асососӣ дар ин бозор ҶДММ “Газпромнефт Тоҷикистон” бо ҳиссаи 45,1 фоиз, ҶДММ “Темур ойл” 22,3 фоиз, АЗМД назди ҲҶТ 13,3 фоиз, ҶДММ “Эмом импорт экспорт” 7,5 фоиз, ҶСК “Ширкати таъминоти сӯзишворӣ” 5,8 фоиз, ҶДММ “Октан сервис” 4,1 фоиз ва дигар субъектҳо бо ҳиссаи 1,9 фоиз баҳисоб мераванд.
Бозори гази моеъ:
Дар моҳҳои январ-июни соли 2026 аз ҷониби 16 субъект ба ҷумҳурӣ 241,1 ҳазор тонна гази моеъ ба маблағи 164,3 млн доллар, бо нархи миёнаи 681 доллар барои як тонна ворид карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 64,2 ҳазор тонна зиёд ва нархи миёнаи воридотии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бетағйир боқӣ мондааст.
Воридоти гази моеъ ба ҷумҳурӣ ба миқдори 158,9 ҳазор тонна ё 65,9 фоиз аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва 82,2 ҳазор тонна ё 34,1 фоиз аз Федератсияи Россия мебошад.
Дар воридоти гази моеъ дар моҳҳои январ-июни соли 2026 ширкатҳои ватанию хориҷӣ аз ҷумла: ҶДММ “Темур ойл” бо ҳиссаи 17,6 фоиз, ҶДММ “Аллат” бо ҳиссаи 16,5 фоиз, ҶДММ “Октан сервис” 10,1 фоиз, ҶДММ “Ғайрат 82” 9,8 фоиз, ҶДММ “Газпромнефт Тоҷикистон” 7,6 фоиз, ҶДММ “Эмом импорт экспорт” 7,5 фоиз, ҶДММ “Баҳор” 4,3 фоиз, ҶДММ “Мабдаи Нур” 4,3 фоиз, ҶДММ “Ирис” 4,2 фоиз, ҶДММ “Нури Дилшод 3,7 фоиз ва дигар субъектҳо бо ҳиссаи 14,4 фоиз ширкат варзидаанд.
Айни замон бо мақсади таъмини иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018, №287 «Дар бораи Номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд» ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳолатҳои беасос боло рафтани нархи молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ дар назди сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шудааст, ки мақсади асосии Ситод ин дар ҳолатҳои афзоиш ёфтани нархҳо фавран гузаронидани таҳлил ва мониторинги вазъи бозор ва андешидани чораҳои зарурӣ аз натиҷаи мониторинг ба ҳисоб меравад.
Ба муносибати таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон 13-уми марти соли 2026 бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” ҷаласаи тантанавӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар ҷаласаи мазкур маҷмӯи масъалаҳо вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии онҳо баррасӣ ва иқдомоти минбаъда дар самт мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Дар баробари ин, якҷо бо мақомоти марбутаи давлатӣ дар як қатор муассисаҳои таълимӣ, марказҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва фуруши молу маҳсулот бо донишҷӯён ва кормандон вохӯриҳо доир гардида, доир ба ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Дар ин давра 42 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷумла шахсони хориҷӣ вобаста ба ҷой доштани рақобати бевиҷдонона бо роҳи инфиродкунонии истифодабрии моликияти зеҳнӣ дар бозори ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аз рӯи натиҷаи баррасии муроҷиатҳо тибқи талаботи моддаҳои 16 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи рақобат” тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, қарор, амрнома ва фармоишҳои Хадамот оид ба бартараф ва қатъ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо қабул карда шудаанд.
Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар доираи ваколатҳои худ фаъолиятро дар самти рушди соҳибкорӣ ва рақобат, инчунин пешбурди сиёсати зиддиинҳисорӣ тақвият бахшида, якҷо бо дигар мақомоти давлатӣ барои муътадил нигоҳ доштани нарх дар бозори кишвар ва пешгирии ҳолатҳои беасос баланд кардани он мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Хадамоти зиддиинҳисории назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон