Ҳамватанони азиз!
Бо камоли эҳтиром ва ифтихори ватандорӣ тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ — яке аз муҳимтарин ва муқаддастарин ҷашнҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар самимона табрик ва таҳният менамоям.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон санаи сарнавиштсоз ва таърихӣ мебошад. Ин рӯз рамзи пирӯзии хирад бар ҷаҳолат, сулҳ бар низоъ, созандагӣ бар харобкорӣ ва ягонагии миллӣ бар парокандагӣ буда, ҳамчун дастоварди бузурги таърихии миллати тоҷик дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Бисту нуҳ сол муқаддам ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози марҳалаи нави рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид. Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ маҳз ба шарофати сиёсати дурандешона, иродаи қавӣ, ҷоннисориҳо ва талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид.
Пешвои миллат дар яке аз душвортарин давраҳои таърихи кишвар тавонистанд мардумро ба сулҳу созиш, ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳидӣ раҳнамун созанд. Бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат пояҳои давлатдории миллӣ таҳким ёфта, сулҳу суботи сиёсӣ, амнияти миллӣ ва ваҳдати ҷомеа таъмин гардид. Имрӯз маҳз ҳамин ваҳдату ҳамбастагӣ асоси рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро ташкил медиҳад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат на танҳо дар самти таҳкими сулҳу субот дар дохили кишвар муваффақ гардид, балки ҳамчун ташаббускори масъалаҳои муҳимми байналмилалӣ ва ҷонибдори дипломатияи сулҳ дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи арзанда касб намуд. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, ҳалли мушкилоти экологӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва пешбурди фарҳанги сулҳ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ гардида, обрӯ ва нуфузи давлати моро дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам боло бурданд.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ташаббускор ва созанда дар муносибатҳои байналмилалӣ шинохта мешавад. Дипломатияи муваффақ ва сиёсати хориҷии мутавозини давлат барои таҳкими дӯстӣ, ҳамкорӣ ва эътимод миёни давлатҳо заминаи мусоид фароҳам овардааст. Ин ҳама натиҷаи бевоситаи сулҳу ваҳдати миллӣ ва сиёсати оқилонаи роҳбарияти олии кишвар мебошад.
Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир, ки таҳдиду хатарҳои гуногун ба амният ва суботи давлатҳо таъсир мерасонанд, ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ба ҳисоб меравад. Мо бояд ин неъмати бебаҳо — ваҳдати миллиро ҳамчун арзиши олӣ ҳифз намуда, барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузорем.
Итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон минбаъд низ дар атрофи сиёсати созандаи Пешвои миллат муттаҳид гардида, баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, таҳкими дастовардҳои истиқлолият, пешрафти иқтисоди миллӣ, ободии Ватан ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум саъю талош хоҳанд намуд.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба ҳамаи ҳамватанони азиз саломатии бардавом, саодати рӯзгор, файзу баракат, хонаи обод, бахту иқболи нек ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи пойдор, ваҳдати ҷовидона, пешрафти рӯзафзун ва шукуфоии ҳамешагӣ орзу менамоям.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак бод!