5 сентябри соли 2026 дар Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои идона ва тантанавӣ маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор гардид.
Дар маросим Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ муҳтарам Ҳикматуллозода Неъматулло ба сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ Муҳаммадзода Баҳодур Муҳаммад «Медали ҷашнии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба сармутахассиси Раёсати танзими инҳисороти табиӣ ва соҳаи обтаъминкунии Хадамоти зиддиинҳисорӣ Шарифзода Бахтиёр Шариф "Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" супориданд.
Ҳамзамон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ муҳтарам Ҳикматуллозода Неъматулло роҳбарият ва ҳайати кормандони Хадамоти зиддиинҳисориро ба муносибати ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи худ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуданд.
Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷабзода Ҳайдарали Раҷабалӣ зимни суханронӣ барои таваҷҷуҳ ва дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин барои сарфароз гардонидани роҳбарият ва кормандони Хадамот бо мукофотҳои давлатӣ изҳори миннатдории самимӣ намуданд.
Зикр гардид, ки кормандони Хадамоти зиддиинҳисорӣ минбаъд низ бо дарки масъулияти баланди хизматӣ ҷиҳати пешбурди самараноки сиёсати давлатии зиддиинҳисорӣ, ҳифзи рақобати солим ва тақвияти фаъолияти мақомоти зиддиинҳисорӣ тамоми кӯшишу талоши худро равона хоҳанд кард.