Санаҳои 21-22 октябри соли 2025 дар шаҳри Брести Ҷумҳурии Белорус ҷаласаи 59-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ ва ҷаласаи 45-уми Ситод оид ба тафтишоти муштараки вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар ин ҷаласа муовини якуми сардори Хадамот – Қурбонзода Сафаралӣ Нуралӣ ва сармутахассиси раёсати ҳимоя ва рушди рақобати Хадамот – Исмоилов Равшан Идаҳмадович иштирок намуданд.
Дар доираи чорабинии мазкур қарорҳои қабулгардидаи ҷаласаҳои 58-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ ва 44-уми Ситод оид ба тафтишоти муштараки вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил натиҷагирӣ карда шуда, инчунин масъалаҳо вобаста ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти зиддиинҳисорӣ дар иҷрои вазифаҳои худ ва тақвияти ҳамкориҳои минбаъда баррасӣ карда шуданд.
Дар охир роҳбарият ва командони масъули Хадамот барои саҳми арзанда дар татбиқи самараноки сиёсати зиддиинҳисорӣ ва ҳамкориҳои судманд бо давлатҳои аъзо бо нишони сарисинагӣ ва ифтихорномаҳои Раиси Шӯрои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ сарфароз гардонида шуданд.
Бо натиҷагирӣ аз рафти ҷаласаҳои баргузоргардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.