Санаи 5 – уми Декабри соли ҷорӣ дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик, ҳамоиши тантанави бахшида ба рӯзи…
Санаи 5 – уми Декабри соли ҷорӣ дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик, ҳамоиши тантанави бахшида ба рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки раиси ноҳияи Темурмалик Ҳасанзода Шералӣ Ҳасан, раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид, Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо Ғуломов Ҳасан ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.
Баъдан раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид аз руи мавзуи “Саҳми арзандаи ҲХДТ дар рушди ҳамаҷонибаи кишвар” ба музокира баромада, аввалан кулли иштирокчиёнро ба ин рӯзи фархунда рӯзи таъсисёбии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд. Қайд карда шуд, ки 31 сол қабл ба арсаи сиёсати кишварамон ташкилоти нав бо номи Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон ворид гардид буд, ки имрӯз он ба неруи пурқуввати сиёсии ҷомеаи навини мо табдил ёфтааст.
Ташаббускор ва бунёдгузори ҳизбе, ки ба тозагӣ ташкил мешуд, шахсан худи Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.
Дар воқеъ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи мамлакат саҳми арзанда дорад.
Инчунин ба музокира раиси ноҳия Ҳасанзода Шералӣ Ҳасан аз рӯи мавзуи “Рисолати созандаи ҲХДТ” баромад кардаанд. Дар идома инчунин намояндаи Кумитаи Иҷроияи Вилояти Ғуломов Ҳасан – Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо ба сухан баромада аҳли толорро ба ин санаи муборак табрик гуфтанд.
Дар охир ба якчанд аъзоёну фаъолони ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизби ва Сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик супорида шуд.