Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва дастгирии шуъбаи фарҳанги вилояти Хатлон, дар маркази ноҳияи Темурмалик Фестивали вилоятӣ таҳти унвони “Либоси миллӣ – нишони тамаддун ва фарҳанги миллӣ” бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Дар чорабинии зебову хотирмон роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, омӯзгорону донишҷӯён, ҳунармандон, дӯзандагону тарроҳони ҷавон, инчунин сокинони сершумори ноҳия иштирок доштанд.
Мақсади асосии баргузории фестивал ин арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, таблиғи фарҳанги либоспӯшии миллӣ ва тақвияти ҳисси зебоишиносии ҷавонон мебошад. Зеро либоси миллӣ, тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, “ҷузъи муҳими худшиносиву ҳувияти миллист ва бояд ҳамчун рамзи ифтихори миллӣ ҳифз гардад”.
Дар доираи барнома иштирокчиён намунаҳои гуногуни либосҳои миллӣ-аз либосҳои арӯсӣ ва идона то либосҳои корӣ ва кӯдаконро ба намоиш гузоштанд. Ҳунари волои дӯзандагону тарроҳон ва истифодаи рангу нақшу нигорҳои миллӣ ба чорабинӣ зебоии хос бахшид.
Ҳамзамон, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили гулдӯзӣ, адрасбофӣ, чакандӯзӣ ва атласбофӣ таваҷҷуҳи меҳмононро бештар ҷалб намуд. Ҳунармандони ноҳияҳои гуногуни вилоят дар гӯшаҳои вижа маҳсули дастони худро пешкаш карданд, ки бозгӯи эҳёи суннатҳои деринаи тоҷикон мебошад.
Дар анҷоми фестивал ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли бахшҳои гуногун-“Беҳтарин либоси арӯсӣ”, “Либоси миллӣ барои кӯдакон”, “Либоси мардумии рӯзгор” ва “Беҳтарин тарроҳи ҷавон” - ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.
Ин гуна чорабиниҳо, ба гуфтаи масъулини соҳа, на танҳо омили таҳкими фарҳанги миллӣ, балки василаи муҳими тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва дастгирии дӯзандагону ҳунармандони маҳаллӣ ба шумор мераванд.
Фестивали мазкур дар фазои идона ва бо иҷрои барномаҳои фарҳангиву консертии ҳунармандони ноҳия ба анҷом расид.