19 августи соли 2026 дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ бо ҳайати намояндагони Бонки Осиёии Рушд баргузор гардид. Мулоқот дар доираи ҳамкориҳои…
19 августи соли 2026 дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ бо ҳайати намояндагони Бонки Осиёии Рушд баргузор гардид. Мулоқот дар доираи ҳамкориҳои судманди байналмилалӣ ва бо мақсади баррасии самтҳои афзалиятноки рушди таҳсилоти касбӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва густариши ҳамкориҳои минбаъда доир шуд.
Зимни мулоқот академик Фарҳод Раҳимӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Кумитаро бо Бонки Осиёии Рушд мавриди таҳлил қарор дода, нақши ин ниҳоди байналмилалии молиявиро ҳамчун яке аз шарикони муҳими рушди Тоҷикистон дар самти таҳсилоти касбӣ таъкид намуд.
Қайд гардид, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо шарикони байналмилалии рушд дар марҳилаи кунунӣ барои пешбурди ислоҳоти соҳавӣ, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ аҳамияти муҳим доранд. Дар ин замина, дастгирии Бонки Осиёии Рушд аз лиҳози молиявӣ, истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои муосир ва такмили механизмҳои идоракунии соҳа муҳим арзёбӣ гардид.
Раиси Кумита таъкид кард, ки рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои рушди ин зинаи муҳими низоми таҳсилот, беҳтар намудани сифати омодасозии мутахассисон, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳо ва мутобиқ намудани ихтисосҳо ба талаботи бозори меҳнат тадбирҳои пайваста амалӣ карда мешаванд.
Ба таъкиди раиси Кумита, дар шароити тағйирёбии босуръати бозори меҳнат ва афзоиши талабот ба мутахассисони соҳибкасб, рушди таҳсилоти касбӣ бояд ба талаботи иқтисоди миллӣ ва эҳтиёҷоти минтақаҳо мутобиқ карда шавад. Аз ин рӯ, яке аз масъалаҳои муҳим барои Кумита фароҳам овардани имкониятҳои баробари таҳсилоти касбӣ барои ҷавонон дар тамоми минтақаҳои кишвар мебошад.
Дар мулоқот масъалаи дастрасии минтақаҳо ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки ҳоло дар 16 шаҳру ноҳияи кишвар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ фаъолият намекунанд. Бо дарназардошти ин вазъ ва бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои гирифтани касбу ҳунар дар маҳалҳо Кумита бо истифода аз маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби имкониятҳои шарикони рушд сохтмони 6 муассисаи нави таҳсилоти касбиро ба нақша гирифтааст. Ин иқдом аз нигоҳи рушди инфрасохтори таълимӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави таҳсил барои ҷавонони минтақаҳо муҳим арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки ин раванд минбаъд низ бо назардошти талаботи воқеии бозори меҳнат, иқтидори иқтисодии минтақаҳо ва эҳтиёҷоти аҳолӣ марҳила ба марҳила идома хоҳад ёфт.
Дар идомаи мулоқот масъалаи таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид. Ҷонибҳо зарурати такмили инфрасохтори таълимӣ, беҳтар намудани шароити таълим, таҷҳизонидани муассисаҳо бо технология ва таҷҳизоти муосир ва фароҳам овардани муҳити мусоиди таълимиро таъкид намуданд. Дар ин замина, раиси Кумита пешниҳоди мушаххас оид ба ворид намудани сохтмони бинои нави маъмурии Кумита ба доираи лоиҳаи аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд сармоягузоришавандаро пешниҳод намуд.
Қайд гардид, ки бунёди бинои нави маъмурӣ метавонад барои таҳкими заминаи институтсионалӣ, фароҳам овардани шароити муосири корӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохторҳои Кумита заминаи мусоид фароҳам оварад. Ин масъала аз ҷониби ҳайати Бонки Осиёии Рушд мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Дар навбати худ, намояндаи Бонки Осиёии Рушд София Шакил аз натиҷаҳои фаъолияти Кумита ва раванди рушди он дар давоми ду соли ахири фаъолияташ изҳори қаноатмандӣ намуд. Ӯ ба пешрафтҳои бадастомада ва раванди татбиқи ислоҳот дар соҳаи таҳсилоти касбӣ таваҷҷуҳ намуда, омодагии Бонки Осиёии Рушдро барои идомаи ҳамкориҳо ва баррасии ташаббусҳои нави соҳавӣ таъкид кард.
Ба гуфтаи намояндаи Бонки Осиёии Рушд, пешниҳоди лоиҳаҳои асоснок, дорои ҳадафҳои мушаххас ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ метавонад барои ҷалби минбаъдаи захираҳои молиявӣ ва техникӣ ба соҳаи таҳсилоти касбии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам созад.
Зимни мулоқот ҳамчунин масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбӣ ва мутобиқ намудани омодасозии кадрҳо ба талаботи муосири бозори меҳнат мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Таъкид шуд, ки рақобатпазирии хатмкунандагон, пеш аз ҳама, аз сатҳи донишҳои назариявӣ, малакаҳои амалӣ ва мутобиқ будани ихтисосҳои омӯхташуда ба талаботи иқтисоди муосир вобаста мебошад. Дар ин раванд ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо корфармоён, истифодаи технологияҳои нав, таҳкими заминаи таҷрибавию истеҳсолӣ ва такмили малакаҳои омӯзгорону устоҳои таълимӣ аҳамияти муҳим дорад. Ҷонибҳо зарурати идомаи корҳо дар ин самт ва истифодаи таҷрибаи байналмилалиро таъкид намуданд.
Мулоқоти мазкур дар заминаи ҳамкориҳои васеи Тоҷикистон бо шарикони байналмилалии рушд дар самти таҳкими низоми таҳсилоти касбӣ баргузор гардид. Яке аз самтҳои муҳими чунин ҳамкориҳо татбиқи лоиҳаҳои ба рушди инфрасохтор, беҳтар намудани сифати таҳсилот ва омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди миллӣ равонашуда мебошад. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба зарурати таҳияи пешниҳодҳои мушаххас, тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолият ва идомаи муколамаи мунтазам таъкид карданд. Қайд гардид, ки танҳо дар заминаи ҳамкории зичи ниҳодҳои давлатӣ ва шарикони байналмилалӣ метавон барои рушди устувори таҳсилоти касбӣ, беҳтар намудани дастрасии ҷавонон ба касбу ҳунар ва омодасозии мутахассисони дорои малакаҳои муосир натиҷаҳои назаррас ба даст овард.
Мулоқот дар фазои созанда, ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо аз натиҷаҳои он изҳори қаноатмандӣ намуданд.