Дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва гузариш ба идоракунии рақамӣ яке аз самтҳои муҳими такмили низоми соҳа рақамикунонии равандҳои таълимӣ ва ҳуҷҷатгузории муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи технологияҳои муосир ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии соҳаи таҳсилоти касбӣ низоми ягонаи «Е-Диплом» ё низоми электронии дипломҳоро роҳандозӣ намудааст.
Дар доираи татбиқи ин ташаббус аз 6 то 23 июли соли равон дар тамоми минтақаҳои вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ семинарҳои омӯзишӣ баргузор гардиданд. Семинар барои кормандони муассисаҳои таълимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шакли онлайн ташкил шуда, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва кормандони бахши кадрҳо дар ин семинарҳо иштирок намуданд.
Мақсади асосии баргузории семинарҳо шинос намудани масъулони муассисаҳои таълимӣ бо имкониятҳои низоми нави рақамӣ, тартиби истифодаи он, ворид намудани маълумот ва ташкили дурусти раванди бақайдгирии дипломҳои электронӣ мебошад. Дар ифтитоҳи семинарҳо Муҳаммадмусо Ҷӯраев, сармутахассиси бахши технологияи иттилоотӣ ва рақамикунонии Кумита, суханронӣ намуда, иштирокчиёнро бо хусусиятҳои техникии низоми «Е-Диплом», тарзи корбарӣ ва аҳамияти он дар раванди рақамикунонии таҳсилоти касбӣ шинос намуд. Зикр гардид, ки низоми мазкур бо мақсади ташкили махзани ягонаи электронии дипломҳо, баланд бардоштани сатҳи шаффофият, содагардонии раванди санҷиши ҳуҷҷатҳои таҳсилотӣ ва пешгирии ҳолатҳои пешниҳоди маълумоти нодуруст таҳия гардидааст.
Низоми «Е-Диплом» барои ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, аз ҷумла коллеҷҳо ва литсейҳои касбии техникӣ пешбинӣ шудааст. Дар татбиқи он ҳамкории мутахассисони технологияҳои иттилоотӣ ва кормандони масъули бахши кадрҳои муассисаҳои таълимӣ аҳамияти муҳим дорад.
Қайд гардид, ки таҳияи низоми мазкур аз ҷониби Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «Таҳиягари оянда» амалӣ гардида, гуруҳи мутахассисон барои мутобиқсозии он ба талаботи муассисаҳои таҳсилоти касбӣ корҳои заруриро анҷом додаанд. Яке аз бартариҳои асосии низоми нав дар он аст, ки ҳар як диплом бо рамзи махсуси QR-код таъмин карда мешавад. Ҳангоми гирифтани акси QR-код тавассути телефон маълумоти пурра ва дақиқ оид ба соҳиби диплом пешниҳод мегардад. Ин маълумот тамоми марҳилаҳои таҳсили шахсро дар бар мегирад: аз лаҳзаи қабул ба муассисаи таълимӣ, ихтисоси интихобшуда, шакли таҳсил, натиҷаҳои марҳилаҳои омӯзишӣ то хатми муассиса ва гирифтани диплом.
Таъкид шуд, ки ҷорӣ намудани QR-код дар дипломҳо имконият медиҳад, ки корфармоён, ташкилоту муассисаҳо ва дигар истифодабарандагон метавонанд ҳаққонияти ҳуҷҷати таҳсилотиро зуд ва осон санҷанд. Ин раванд ба баланд гардидани эътимод ба ҳуҷҷатҳои таҳсилотӣ ва ташкили низоми муосири назорати иттилоотӣ мусоидат менамояд.
Дар рафти семинарҳо иштирокчиён масъалаҳои марбут ба ворид намудани маълумоти хатмкунандагон, дурустии маълумоти электронӣ, талаботи ҳифзи иттилоот ва масъулияти кормандони дахлдорро мавриди баррасӣ қарор доданд. Барои мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва кормандони бахши кадрҳо машғулиятҳои амалӣ баргузор шуда, тартиби истифодаи низом қадам ба қадам нишон дода шуд.
Қайд гардид, ки ҷорӣ намудани «Е-Диплом» яке аз қадамҳои муҳими Кумита дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба рақамикунонии соҳаи таҳсилоти касбӣ мебошад. Ин иқдом ба рушди идоракунии электронии муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, кам намудани гардиши ҳуҷҷатҳои коғазӣ ва ташкили муҳити муосири иттилоотӣ мусоидат хоҳад кард.
Гуфта шуд, ки татбиқи низоми ягонаи дипломҳои электронӣ имконият фароҳам меорад, ки раванди додани ҳуҷҷатҳои таҳсилотӣ ба талаботи замони муосир мутобиқ гардида, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба марҳилаи нави рушди рақамӣ ворид шаванд, зеро низоми «Е-Диплом» воситаи муҳими таъмини шаффофият, эътимод ва идоракунии самараноки рақамии низоми таҳсилоти касбӣ мебошад.