Сада, ки аз давраҳои бостонӣ ҷашни зимистонии аҷдоди мо шуморида мешуд, дар қатори Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мақому манзалати шоиста дорад. Бо вуҷуди ҳикмату фалсафаи қадимаву амиқи худ, Сада бар асари омилҳои…
Сада, ки аз давраҳои бостонӣ ҷашни зимистонии аҷдоди мо шуморида мешуд, дар қатори Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мақому манзалати шоиста дорад.
Бо вуҷуди ҳикмату фалсафаи қадимаву амиқи худ, Сада бар асари омилҳои гуногун тайи асрҳои зиёд камранг ва ҳатто фаромӯш шуда, танҳо ба шарофати истиқлоли давлатӣ эҳё ва мақоми ҷашни миллии расмиро соҳиб гардид. Имрӯз ҷашни Сада чун падидаи фарҳанги асили аҷдодӣ ба як ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллии мо табдил ёфтааст. Рамзу маъниҳои Сада хеле зиёданд, аммо моҳияти асосии ҷашни Сада аз пирӯзии гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ бар торикӣ ва некӣ бар бадӣ иборат мебошад. Эмомалӣ Раҳмон
Сада ҷашни офтоб, рӯшноӣ, олами розҳои инсонӣ мебошад, ки аз гузаштаи пурғановати ниёгонамон сарчашма гирифтааст. Сада рӯзи арҷгузорӣ ва иззату эҳтиром ниҳодан ба гармӣ, нур, меҳр, муҳаббат ва рӯ овардан ба рӯшанист. Тавлиди оташ - таҷаллии нуру мазҳари ҳастӣ ва пирӯзии рушанӣ бар зулмот, адл бар беадолатӣ мебошад.
Бо гузашти замон ҷашни мазкури миллии мо ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, ба таври зарурӣ ќайд намегардид. Маҳз дар замони Истиқлол бо иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни ниёгонамон ҳамчун ҷашни миллӣ, ки дар даврони мухталифи таърихӣ анъанаҳои мардумӣ ба ҳисоб мерафт аз нав эҳё шуд. Сарвари давлат ба арзиш ва қимати ҷашнҳои миллӣ - аҷдодӣ баҳои баланд дода, аз ҷумла қайд намудаанд «Сада ба монанди Наврӯз ва Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шавад. Аз ин хотир, анъанаву расму ойинҳо ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд».
Таърихи нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ мебошад, хело қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. Доир ба арзи ҳастӣ намудани он аввалин ахбор дар фарҳанги гуфторӣ (шифоҳӣ), устураҳои мансух ишора рафта ва тавассути ин ду сарчашма ба осори хаттӣ роҳ ёфтааст. Хеле муҳим аст, ки боварҳо ва нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани ҷашни Сада мебошад, то имрӯз дар байни мардумони гуногуни олам ба назар мерасад.
Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Ин аз як тараф ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ мебошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Баъдҳо маҳз пайдо шудани «ҷашни оташ» ва ҳамчун рамзи Хуршед донистани он ҷашни Сада дар миёни мардум густариш пайдо кард.
Акнун тантанаҳои идона аз он башорат медиҳанд, ки тоҷикон анъанаҳои гузаштагонамонро пос медоранд ва баъди сардиҳои зимистон, охирҳои моҳи январ чорабиниҳои идона, ки фарогири эҳё ва инъикоси Сада мебошанд, баргузор мешаванд. Ҷашни Садаро барҳақ иди замину осмон ва мулки шоҳони номдор мегӯянд.
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.
Доир ба таърихи ҷашни Сада Абулқосим Фирдавсӣ низ дар «Шоҳнома» ахбор пешниҳод намуда, қадимияти онро тасдиқ кардааст ва арзиши онро барои мардуми эронитабор муҳим донистааст. Шоир устураи Ҳушангро ба достони худ ворид карда, ба он ҷанбаи таърихию бадеӣ бахшидааст ва аз замони бостон будани ин ҷашн ишора кардааст. Устурае, ки Фирдавсӣ ба назм дароварда, дар қисми аввали достони худ бо он оҳанги таърихию бадеӣ бахшидааст, аз қадимияти ин ҷашни ниёкон хабар медиҳад. Аз рӯи ишораҳои дигари Ҳаким Фирдавсӣ ҷашни Сада дар замони шоир маълум буда, мардум барои баргузории он интизорӣ мекашиданд ва онро таҷлил менамуданд:
Биҳиштам биёмад зи оташкада,
Чу наздик шуд рӯзгори Сада.
Сада аз сипарӣ шудани зимистон, наздик шудани фасли баҳор ва оѓози корҳои кишоварзон хабар медихад. Ҷашни мазкур дар майдонҳои васеъ дар фазои озод ва талу теппаҳо бо иштироки зану мард, кӯдакон ва тамоми мардум гузаронида мешавад, аз ин рӯ онро иди ҳамагон меноманд.
Сада воситаи хушҳолии мардум мебошад, ки бо ин роҳ онҳо шодию хурсандӣ мекунанд, ба ҳамдигар таманниёт орзу менамоянд ва кинаву адоватро аз худ дур намуда, ҳамаи онро ба оташ мепартоянд ва ҳамчун зуҳури аҳриманӣ аз ботинашон дур месозанд. Ин рукнҳо баъдҳо ба анъанаи миллӣ табдил ёфта, ташаккул меёбанд ва дар байни халқ ҷойгоҳи хосро пайдо карда, дар хотираи таърихию фарҳангиашон ворид мешаванд ва то ба имрӯз идома меёбанд.
Ҷашни мазкурро махсусан кишоварзон бесаброна интизор шуда, дар баргузории он фаъолона иштирок менамоянд. Дар гирди гулхани ҷашнӣ хони хӯришҳои болаззат, мевагиҳо, маҳсулоти чорво оро дода шуда, овозхонӣ ва раќсу мусиќӣ танинандоз мегардад. Кишоварзон айёми ҷашни Сада бояд тухмиҳои хушсифати зироатҳо, нуриҳои заруриро дастрас намуда, заминро барои кишт омода намоянд. Ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза намуда, яхобмонӣ ва башаклдарории дарахтонро ба анҷом расонанд. Ҳоло дар тамоми манотиќи ҷумҳурӣ корҳои мазкур бо ҷӯшу хурӯши хоса идома доранд.
Умед дорем, ки ҷашни Сада низ ба сифати як ҷашни миллию мардумӣ на танҳо барои дилхушиву зиёфат баргузор мешавад, балки мададгори кишоварзон шуда, барои рушди боғдориву токпарварӣ, гулкорию гулпарварӣ, чорводорию зироаткорӣ ва дар маҷмӯъ ободкорӣ мусоидат менамояд ва минбаъд боз ҳам густариш меёбад. Дар ҳақиқат ҷашни Сада, ба мисли ҷашни Меҳргону Наврӯз ҷашни кишоварзон мебошад, ки тамоми қишрҳои ҷомеа аз он дастгирӣ менамоянд ва маросимҳои онро риоя карда, аз баргузориаш изҳори шодмонӣ месозад.
Бо як ҷаҳон умеду орзуҳои нек боварӣ дорем, ки минбаъд низ суннатҳои ин ҷашн ба таври васеъ омӯхта шуда, таҷлили он дар саросари Тоҷикистони азизамон ба ҳукми анъана медарояд ва тамоми сокинони кишвар онро дар руҳияи баланди арҷгузорӣ ба мероси маънавии халқ таҷлил менамоянд. Ин тадбир имкон медиҳад, ки боз ҳам ҳуввияти миллӣ қавитар гардад ва насли имрӯза аз анъанаҳои ниёкони худ бештар бархурдор шаванд.
Ба тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистон омад - омади ҷашни Сада - ҷашни чиллаи Хуршед муборак бошад!
муовини директор оид ба таълими
Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб