“Агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромию сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Яке аз ҷиҳатҳое, ки дар Паём баён гардид ин рушди илму маориф ва беҳтар намудани шароит барои толибилмон, омӯзгорон, нависандагон, шоирон, олимон ва аҳли зиё мебошад. Ҳамаи мо хуб медонем, ки сардори давлатамон дар сиёсати худ пеш аз ҳама маорифро гузоштаанд ва дар Паём низ қайд карданд, ки “Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.
Рушди соҳаи маориф яке аз самтҳоии афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Ҳуқуқи иҷтимоии шаҳрвандон ба таҳсил дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф, пеш аз ҳама, сармоягузорӣ барои рушди нерўи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат мебошад.
Новобаста аз вазъияти буҳронӣ ва ҳассоси ҷомеа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илму маорифро самти афзалиятнок шуморида, барои рушди илму маориф дар доираи имкониятҳо ҳамаи шароитҳои заруриро фароҳам оварда, корҳои пурарзише дар ин ҷода анҷом додаанд. Дар Паёми навбатии худ низ Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки: “То вақте тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд. Аз ин лиҳоз, метавон хулоса кард, ки сифати давлат на аз шумораи аҳолӣ, балки аз сифати аҳолӣ вобаста мебошад. Бинобар ин, ташаббус дар ин самт бояд пурра дар дасти давлат бошад. Маҳз барои ҳамин, ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам”. Дар Паём инчунин қайд гардидааст, ки ҳоло шумораи умумии хонандагон беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Инчунин, дар Тоҷикистон 4037 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав, фаъолият менамоянд. Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст. Имрӯз дар кишвар 65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, бо 23 500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12 000 хонанда, инчунин, 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106 000 донишҷӯ фаъолият доранд.
Нигаронии асосии сарвари давлат ба сатҳу сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти олӣ, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияи рақамӣ дар раванди таълим, раванди омода намудани мутахассисони ба талаботҳои навини бозори меҳнат ҷавобгӯ ва дараҷаи забономӯзии толибилмон равона шуда буд. Аз ин рӯ, Пешвои муаззами миллат аз роҳбарони муассисаҳои таълимии кишвар талаб намуданд, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори ҷиддӣ диҳанд ва барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, аз худ кардани технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ, тадбирҳои заруриро андешанд.
Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ташкили муассисаҳои томактабӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шудааст. Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки дар панҷ соли оянда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҷиҳати бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Маориф муҳимтарин институти иҷтимоӣ ба шумор рафта, омили асосии рушд ва устувории ҷомеа маҳсуб меёбад. Маҳз соҳаи маориф муаррифгари мақом ва нуфузи давлат дар арсаи байналмилӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф диққати аввалиндараҷа зоҳир намуда, ҷиҳати аз байн бурдани мушкилоти мавҷуда дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот давра ба давра ислоҳотҳо мегузаронад. Бо мақсади ташаккули сатҳи тафаккури илмии наврасону ҷавон, худшиносиву худогоҳӣ, онҳо ба озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ҷалб карда мешаванд.
Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.
Мо бояд дар атрофи сиёсати созандаву бунёдкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъу муттаҳид бошем ва барои пешрафти соҳаи маориф ва ободии Ватан саҳмгузор бошем. Воқеан, ҷои хушнудист, ки Пешвои фарҳангсарвари кишварамон ҳамеша барои эҳё ва тарғиби фарҳанги миллӣ, хусусан мероси адабии гузаштагон ва арзишҳои ахлоқии миллӣ ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд ва ҳар иқдоми дар ин самт пешгирифтаро амалан пуштибонӣ менамоянд. Паёми навбатӣ низ баёнгари ҳамин андеша буд.
Тавре ки дар Паёми навбатӣ зикр шудааст ва дар дигар суханрониҳои Пешвои миллат низ ҳамеша таъкид мешавад, тамоми ин тадбирҳову талошҳои шабонарӯзӣ ҷиҳати эҳёи суннату анъанаҳои миллӣ ва тавсеаи маънавиёт ба хотири он аст, ки насли наврасу ҷавон дар оинаи таъриху фарҳанги деринсоли худ симояшонро бубинанду худро шиносанд, аз аслу насаби худ огоҳ бошанд ва фаромӯш накунанд, ки ин фарҳангу тамаддуни ҷаҳонафрӯз дар домани худ басо бузургону нобиғагонро парварида ва ба олам эњдо кардааст. Тадбирҳои амалӣ ҷиҳати интишори ин маъниву матлаб имкон медиҳанд, ки ҷавонон дар бораи чӣ тавр ба шоистагӣ идома додани корномаи илмиву адабиву фарҳангии гузаштагон андеша кунанд ва дар ин масир собитқадам бошанд. Нуктаи дигари марбут ба фарҳангу адаб дар Паём ёдоварӣ аз озмунҳои илмиву маърифатии ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» буд.
Тавре ки мушоҳида мегардад, ҳоло дар ҷомеаи мо насли нави соҳибистеъдод, илму донишдӯст ва фарҳангпарвару забондон ба камол расида истодааст ва мо бояд онҳоро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ намоем». Тавре ки пайдост, ин нуқта ҳам ба асолатмеҳварии Паём ишора мекунад ва дар он «тақвият бахшидани- ҳувияти миллӣ», «ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон» аз ҳадафҳои муҳимтарини озмунҳои мазкур дониста мешавад. Њамчунин, то чӣ андоза таваҷҷуҳ доштани Сарвари давлатро, ки худ мубтакири ин озмунҳо ҳастанд, ба маънавиёту завқи зебоипарастӣ равшан мекунад.
Воқеан, озмунҳои мазкур, хусусан озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз соли аввали баргузорияш дар байни ҷомеа чунон ғулғулае афканд, ки ҳатто касони қаблан ба китобу адабиёт алоқа надошта бо шавқу рағбат рӯй ба он оварданд ва «аниси кунҷи танҳоии» худ донистанд.
Пешвои миллат зарурати ин озмунҳоро хуб дарёфта, хеле ба маврид онҳоро роҳандозӣ намуданд ва бори дигар дар Паёми навбатӣ ҳадафҳои озмунҳоро гӯшзад кардан ба ин маъност, ки мардум, хусусан ҷавонон, аҳамият ва моҳияташонро дурусттар дарк кунанду китобро ба ҳамдами умрбоди худ табдил диҳанд. Дар маҷмуъ, агар Паёмро нукта ба нукта бодиққат мурур кунем, хулосае ба миён меояд, ки ҳадафи меҳварии он равшаниву ободии хонаи мардум, сарсабзу шукуфонтар шудани кишвар, осудаҳолтару хотирҷамътар шудани пирон, ҳушмандтару худшиностар шудани ҷавонон ва саодатманд шудани тамоми мардуми тоҷик мебошад. Ин ҳадафҳо бо ҳадафҳое, ки адабиёти асил дорад, ҳаммаънову ҳаммаром буда, адибонро ҳам барои талошу такопӯи бештар савқ мебахшанд.
МИРЗОШАРИФОВА Санифамо Азизуллоевна,
мудири китобхонаи Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе