ИҚДОМИ ХАЙРИЯВӢ
Дар арафаи таҷлили ҷашни бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Агентии Тоҷикстандарт ва ҶДММ «Таҷеро» иқдоми хайриявӣ анҷом дода шуд.
Дар доираи ин иқдоми нек ба Муассисаи давлатии «Хонаи кӯдакони №1 барои кӯдакони ятиму бепарастор»-и шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Шифохонаи шаҳрии парастории ҳамшираҳои шафқат» (хонаи пиронсолон) як миқдор маводи ғизоӣ, аз ҷумла равған ва шакар, ҳамчун кӯмак тақдим гардид.
Ин ташаббуси хайриявӣ дар арафаи ҷашни муқаддаси миллӣ нишонаи ғамхорӣ, эҳсоси масъулияти иҷтимоӣ ва дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа буда, ба таҳкими арзишҳои неки инсонӣ, аз ҷумла, меҳрубонӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирии якдигар мусоидат менамояд.
Иқдоми мазкур бори дигар нишон медиҳад, ки анҷом додани корҳои хайр ва саҳмгузорӣ дар дастгирии кӯдакону шахсони ниёзманд яке аз арзишҳои муҳими ҷомеаи мо буда, дар роҳи таҳкими муҳити солими иҷтимоӣ аҳамияти хос дорад.