ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМА ОИД БА
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ
ташаббуси нави Тоҷикистон дар рӯзномаи ҷаҳонӣ
Раҳмон Исломиддин Хайриддин,
Директори Агентии Тоҷикстандарт
Тавре медонем имрӯзҳо аз имкониятҳо ва фановариҳо дар дунё зиёд истифода карда мешавад. Яке аз навгонии технологияҳои рақамӣ ин худи зеҳни сунъӣ аст, ки дар тамоми самту соҳа ворид гардида, барои осон кардани фаъолият мусоидат мекунад. Бояд гуфт, ки зеҳни сунъӣ тадриҷан ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ворид гардида, дар рушди иқтисодиёт, саноат, илму маориф, тандурустӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, хизматрасонӣ ва дигар бахшҳои муҳим нақши рӯзафзун пайдо мекунад. Аз ин рӯ, масъалаи истифодаи дуруст, бехатар ва масъулонаи технологияҳои зеҳни сунъӣ имрӯз танҳо масъалаи як давлат ё минтақа набуда, балки ба яке аз масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Дар шароити густариш ёфтани имкониятҳо ва пайдо гардидани навовариҳои нав ба нав 31 августи соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатънома қабул намуд, ки тибқи он аз соли 2027 минбаъд 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил карда мешавад.
Қабули ин қатънома аҳамияти бузурги сиёсӣ, илмӣ ва технологӣ дошта, саҳми Тоҷикистонро дар ташаккули рӯзномаи байналмилалии марбут ба рушди технологияҳои навин боз ҳам муассир менамояд.
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони муосир ё худ дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ мавқеи фаъол пайдо кардааст. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо намунаи равшани сиёсати фаъолонаи кишвар дар пешбурди масъалаҳои дорои аҳамияти ҷаҳонӣ мебошанд.
Қабули қатънома оид ба Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимодро метавон идомаи ҳамин сиёсати пайгирона арзёбӣ намуд. Ин ташаббус нишон медиҳад, ки Тоҷикистон имрӯз на танҳо ба масъалаҳои анъанавии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, балки ба масъалаҳои технологии ояндасоз низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд.
Ташаббуси мазкур дар партави сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди технологияҳои навин, рақамикунонии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ ба манфиати ҷомеа аҳамияти махсус пайдо мекунад.
Бояд гуфт, ки рушди зеҳни сунъӣ дар баробари имкониятҳои васеъ масъалаҳои нави масъулиятро низ ба миён мегузорад. Технология метавонад ба инсон барои таҳлили ҳаҷми бузурги маълумот, қабули қарорҳои беҳтар, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва рушди хизматрасониҳо мусоидат кунад. Аммо истифодаи нодурусти он метавонад хатарҳои гуногунро низ ба вуҷуд орад.
Масъалаҳои ҳифзи маълумот, дахолатнопазирии ҳаёти шахсӣ, эътимоднокии иттилоот, амнияти рақамӣ ва истифодаи масъулонаи технология имрӯз таваҷҷуҳи ҷиддии ҷомеаи ҷаҳониро талаб мекунанд. Аз ин рӯ, мафҳумҳои «бехатар», «ҳифзшуда» ва «боэътимод» дар номи Рӯзи байналмилалии нав аҳамияти хос доранд.
Зеҳни сунъӣ бояд пеш аз ҳама ба манфиати инсон хизмат кунад. Рушди технология набояд боиси пайдоиши хатарҳои нав барои ҷомеа гардад. Баръакс, истифодаи дуруст ва масъулонаи он бояд ба баланд гардидани сатҳи зиндагӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва ҳалли мушкилоти муҳимтарини ҷаҳонӣ мусоидат намояд.
Эълон гардидани як рӯзи байналмилалӣ танҳо хусусияти рамзӣ надорад. Чунин рӯз метавонад ба ҳамгироии ҷомеаи ҷаҳонӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи давлатҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, олимон ва ширкатҳои технологӣ ба масъалаи мушаххас мусоидат намояд.
Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод метавонад ба як минбари муҳими байналмилалӣ барои баррасии масъалаҳои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ табдил ёбад. Дар ин рӯз давлатҳо метавонанд таҷрибаи худро мубодила намуда, олимону мутахассисон дастовардҳои навро пешниҳод кунанд ва ҷомеа бо имконияту хатарҳои эҳтимолии технологияҳои навин бештар ошно гардад.
Инчунин, чунин ташаббус метавонад барои рушди ҳамкории байналмилалӣ дар таҳияи меъёрҳо ва муносибатҳои умумӣ оид ба истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Бояд гуфт, ки интихоби санаи 31 август низ аҳамияти махсус дорад. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, маҳз дар ҳамин рӯз, соли 1955, пешниҳоди лоиҳаи таҳқиқотии Донишгоҳи Дартмут оид ба зеҳни сунъӣ ба миён гузошта шуда буд.
Ин рӯйдод дар таърихи ташаккули таҳқиқоти муосири зеҳни сунъӣ ҷойгоҳи муҳим дорад. Аз ҳамин ҷост, ки пайванди рӯзи байналмилалии нав бо ин сана маънои рамзӣ дошта, робитаи байни таърихи ташаккули ин соҳа ва дурнамои рушди онро инъикос мекунад.
Воқеан, роҳе, ки зеҳни сунъӣ дар тули даҳсолаҳо тай кардааст, имрӯз инсониятро ба марҳилаи нави рушди технологӣ расонидааст. Агар дар гузашта зеҳни сунъӣ бештар мавзӯи таҳқиқоти олимон ва муассисаҳои илмӣ бошад, имрӯз он ба як ҷузъи муҳими ҳаёти ҳаррӯза табдил ёфта истодааст.
Тавре дар боло зикр кардем зеҳни сунъӣ метавонад барои ҳалли бисёр масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ кумаки амалӣ расонад. Дар соҳаи тандурустӣ он метавонад дар таҳлили маълумот ва такмили равандҳои ташхис мусоидат кунад. Дар соҳаи маориф барои фароҳам овардани усулҳои муосири омӯзиш, таҳлили равандҳои таълимӣ ва васеъ намудани дастрасӣ ба дониш имкониятҳои нав ба вуҷуд меоянд.
Дар кишоварзӣ истифодаи технологияҳои рақамӣ метавонад ба истифодаи самараноки захираҳо ва беҳтар намудани идоракунии истеҳсолот мусоидат кунад. Дар соҳаи нақлиёт бошад, технологияҳои ҳушманд метавонанд барои беҳтар намудани идоракунии ҳаракат, баланд бардоштани бехатарӣ ва рушди низомҳои муосири хизматрасонӣ истифода шаванд.
Ҳамчунин, зеҳни сунъӣ метавонад дар ҳифзи муҳити зист, таҳлили маълумоти иқлимӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва пешгӯии баъзе ҳолатҳои эҳтимолии хатарнок нақши муҳим дошта бошад.
Маҳз истифодаи чунин имкониятҳо метавонад рушди технологияро бо ҳадафҳои рушди устувор пайваст намояд. Аммо барои ба даст овардани натиҷаи мусбат зарур аст, ки рушди зеҳни сунъӣ дар доираи принсипҳои масъулият, бехатарӣ ва эътимод амалӣ гардад.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди технологияҳои рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ метавонад дар оянда имкониятҳои нав фароҳам оварад. Рақамикунонии идоракунии давлатӣ, рушди хизматрасониҳои электронӣ, такмили соҳаҳои илму маориф ва омода намудани кадрҳои соҳибтахассус аз ҷумлаи самтҳои муҳими рушди ҷомеаи муосир мебошанд.
Дар ин раванд, масъалаи омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Ҷомеаи рақамӣ на танҳо ба технологияҳои муосир, балки ба кадрҳои донишманду соҳибмаҳорат ниёз дорад. Аз ин рӯ, рушди саводнокии рақамӣ, омӯзиши технологияҳои нав ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод бояд ҳамчун яке аз самтҳои муҳими оянда арзёбӣ гардад.
Қабули чунин қатъномаи байналмилалӣ метавонад ба рушди таваҷҷуҳ ба масъалаҳои зеҳни сунъӣ дар дохили кишвар низ такони тоза бахшад. Ин ташаббус метавонад барои густариши корҳои илмӣ, омӯзиши технологияҳои навин, таҳкими ҳамкорӣ бо марказҳои байналмилалӣ ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши фанҳои технологӣ имкониятҳои бештар фароҳам оварад.
Бо вуҷуди рушди босуръати технология, инсон бояд ҳамеша дар меҳвари асосӣ қарор дошта бошад. Ягон технология набояд масъулияти инсонро пурра аз байн барад. Қарорҳои муҳиме, ки ба ҳаёт, ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон таъсир мерасонанд, бояд бо эҳтиром ба меъёрҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ қабул карда шаванд.
Аз ин лиҳоз, масъалаи рушди зеҳни сунъии боэътимод танҳо масъалаи техникӣ нест. Он, ҳамзамон, масъалаи иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ мебошад. Барои истифодаи самараноки ин технология ҳамкории олимон, давлатҳо, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳамияти муҳим дорад.
Қабули қатънома оид ба таҷлили 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳими байналмилалӣ дар самти таваҷҷуҳ ба рушди технологияҳои навин мебошад.
Ин иқдом аҳамияти Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар баррасии масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ боз ҳам бештар намуда, саҳми кишварро дар ташаккули рӯзномаи байналмилалӣ оид ба технологияҳои ояндасоз инъикос менамояд.
Дар асре, ки зеҳни сунъӣ метавонад тарзи зиндагӣ, меҳнат ва рушди ҷомеаро тағйир диҳад, масъалаи асосӣ танҳо рушди босуръати технология нест. Муҳим он аст, ки ин технология бехатар, ҳифзшуда, боэътимод ва ба манфиати инсон истифода шавад.
Метавон гуфт, ки ташаббуси Тоҷикистон бори дигар собит месозад, ки кишвар дар баробари саҳмгузорӣ дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим, имрӯз ба масъалаҳои рушди технологӣ низ таваҷҷуҳи фаъолона зоҳир намуда, ҷонибдори истифодаи масъулонаи дастовардҳои илмӣ ба манфиати рушди устувор ва некӯаҳволии тамоми башарият мебошад.