ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР АГЕНТИИ ТОҶИКСТАНДАРТ
Кормандони шуъбаи назорати давлатӣ дар саноати сабуки Агентии Тоҷикстандарт бо мақсади саҳмгузорӣ дар тозаву озода нигоҳ доштани муҳити корӣ ва ободонии ҳудуди Агентӣ шанбегии дастаҷамъона баргузор намуданд.
Зимни шанбегӣ кормандони шуъба дар корҳои тозаву озода намудани гирду атроф, рӯбучин ва ба тартиб даровардани ҳудуди бинои Агентӣ фаъолона иштирок карданд.
Чунин иқдомҳои ободониву созандагӣ, ки бо рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва меҳнати дастаҷамъона баргузор мегарданд, ба таҳкими фарҳанги меҳнат, ҳисси масъулиятшиносӣ ва муҳайё намудани муҳити тозаву зебои корӣ мусоидат менамоянд.
Кормандони Агентии Тоҷикстандарт минбаъд низ ҷиҳати ободу зебо нигоҳ доштани муҳити атроф ва саҳмгузорӣ дар корҳои созандагӣ фаъолияти худро идома хоҳанд дод.