Дар Агентии Тоҷикстандарт нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид
Санаи 13 июли соли 2026 дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 доир шуд.
Дар нишаст роҳбарияти Агентӣ, сардорони воҳидҳои сохторӣ, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ва мустақил, инчунин, дигар хабарнигорони расонаҳо иштирок намуда, доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳа ва вазифаҳои минбаъда саволҳо пешниҳод карданд.
Зимни нишаст таъкид гардид, ки Агентии Тоҷикстандарт фаъолияти худро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар самти таъмини сифати молу маҳсулот, ҳифзи бозори истеъмолӣ аз воридшавии маҳсулоти пастсифат ва хатарнок, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, таъмини ягонагии ченакҳо ва рушди низоми миллии стандартизатсия корҳои назаррасро анҷом додааст.
Ҳамзамон, дар нишаст оид ба корҳои анҷомёфта дар самти назорати сифати маҳсулоти воридотӣ ва ватанӣ, санҷиши воситаҳои ченкунӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо дар нуқтаҳои савдо ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Роҳбарияти Агентӣ, инчунин, аз иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 69-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва аккредитатсияи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки дар вилояти Иссиқкӯли Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардида буд, ёдовар шуда, онро барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими низоми инфрасохтори сифат муҳим арзёбӣ намуд.
Дар анҷоми нишаст намояндагони воситаҳои ахбори омма ба роҳбарияти Агентӣ вобаста ба фаъолияти соҳа, сифати маҳсулоти ватанӣ, назорати бозори истеъмолӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ, хизматрасониҳои сертификатсионӣ ва дигар масъалаҳои мубрам саволҳо пешниҳод карда, ба онҳо ҷавобҳои муфассал гирифтанд.
Ёдовар бояд шуд, ки нишасти матбуотӣ дар фазои озоди муколама ва ҳамкории судманд баргузор гардида, ҳамчун майдони муҳими иртиботи мустақими Агентии Тоҷикстандарт бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма арзёбӣ гардид.