Иштироки директори Агентии Тоҷикстандарт муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин дар раванди ба имзо расонии Протоколи ҷаласаи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи давлатҳои аъзои ИДМ Дар доираи ҷаласаи 69-уми Шӯрои…
Иштироки директори Агентии Тоҷикстандарт
муҳтарам Раҳмон Исломиддин Хайриддин
дар раванди ба имзо расонии Протоколи ҷаласаи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи давлатҳои аъзои ИДМ
Дар доираи ҷаласаи 69-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва аккредитатсияи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки аз 8 то 12 июли соли 2026 дар вилояти Иссиқкӯли Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардида истодааст, як қатор масъалаҳои муҳими рушди инфрасохтори сифат, такмили низоми стандартизатсия, метрология, сертификатсия мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Дар кори ҷаласаи мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Исломиддин Хайриддин иштирок намуда, дар муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа ва қабули қарорҳои муҳими соҳавӣ саҳми фаъол гузоштанд.
Дар идомаи ҷаласа маросими баимзорасонӣ Протоколи №69-2026-и Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия сурат гирифт, ки директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Исломиддин Хайриддин иштирок аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҷаласаро ба имзо расонид.
Дар ин ҳуҷҷат қарорҳои муҳим оид ба идомаи ҳамоҳангсозии стандартҳои байнидавлатӣ, рушди метрология, сертификатсия ва аккредитатсия, такмили фаъолияти Кумитаҳои техникӣ, рушди ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ ва бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар савдо пешбинӣ гардидааст.
Қарорҳои қабулшуда барои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию техникӣ миёни давлатҳои аъзои ИДМ, рушди инфрасохтори сифат, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот ва хизматрасонӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои густариши тиҷорати байнидавлатӣ аҳамияти калон доранд.