ТАБРИКОТИ
Директори Агентии Тоҷикстандарт муҳтарам
Раҳмон Исломиддин Хайриддин
бахшида ба Рӯзи хизматчиёни давлатӣ
Ҳамкасбони азиз ва хизматчиёни давлатии гиромӣ!
Бо камоли эҳтирому самимият ҳамаи шуморо бо Рӯзи хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик ва таҳният мегӯям!
Хизмати давлатӣ ин на танҳо иҷрои вазифаҳои мансабӣ, балки пеш аз ҳама, мактаби бузурги ватандӯстӣ, садоқат ба соҳа, масъулияти баланд дар назди халқ ва уҳдадории виҷдонӣ баҳри ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ мебошад. Иқтидори кадрӣ ва сатҳи касбияти хизматчиёни давлатӣ кафили асосии устувории низоми давлатдорӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини амнияти ҷомеа аст.
Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи хизмати давлатӣ дар кишвар ба як низоми муосир, шаффоф ва самарабахш мубаддал гаштааст. Дастгириҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат нисбат ба ҷавонон ва занони хизматчии давлатӣ имкон дод, ки насли нави кадрҳои лаёқатманд ва соҳиб маърифат ба воя расанд, ки онҳо бо донишу малакаи муосири худ Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд.
Дар ин раванд, кормандони Агентии Тоҷикстандарт низ ба ҳайси хизматчиёни давлатӣ, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи стандартизатсия, таъмини ягонагии ченак, сертификатсия ва ҳифзи бозори дохилӣ аз маҳсулоти пастсифат фаъолият доранд. Саҳми ҳар як мутахассиси соҳа дар ҳифзи саломативу ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар арзишманд аст.
Дар ин рӯзи касбӣ, ба ҳамаи хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои заҳмати содиқона, матонат ва саҳми арзандаашон дар шукуфоии Ватани маҳбубамон миннатдории худро изҳор менамоям.
Ба ҳамаи шумо саломатии бардавом, саодати рӯзгор, хонаи обод ва дар фаъолияти пурмасъулатон баҳри рушду тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол муваффақиятҳои беназирро таманно дорам!
Рӯзи касбӣ муборак, ходимони содиқи Ватан!