10 июни соли 2026 дар толори бошукӯҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ бахшида ба 100-солагии фаъолияти метрология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Қабл аз оғози кори Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ ҳайати меҳмонони хориҷӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар иштирокчиёни ҳамоиш бо мақсади арҷгузорӣ ба таърих ва арзишҳои миллӣ дар назди муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон - Шоҳ Исмоили Сомонӣ маросими гулчанбаргузорӣ баргузор намуданд. Дар ҷараёни ин маросим иштирокчиён бо эҳтироми хоса аз нақши барҷастаи ин шахсияти таърихӣ дар ташаккули давлатдорӣ ва фарҳанги миллӣ ёдовар шуда, ба пояи муҷассама дастаҳои гул гузоштанд.